Муовини нахуствазири Қирғизистон, густариши ҳамкориҳои иҷтимоӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистонро хостор шуд.

Ба гузориши сайти Акипресс, хонум Элвира Сориева ин матлабро дар дидор бо намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва маҳофили донишгоҳии Қирғизистон дар вилояти Ботканди ин кишвар унвон кардааст.

Ба гуфтаи ин мақоми давлатии Қирғизистон, барои коҳиши ташаннуҷ дар равобити ду кишвари ҳамсоя - Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки мардумонаш қарнҳо дар канори якдигар зиндагии мусолиматомез доранд, барномаи тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои омӯзиш ва улум, варзиш, ҷаҳонгардӣ, фарҳанг ва расона ироа шудааст.

Вай таъкид карда аст, ки хонум Марҳабо Ҷаборова - муовини нахуствазири Тоҷикистон низ аз ин барнома истиқбол кардааст.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст