Раиси ҷумҳурии Латвия 10 июн дар раъси як ҳайати сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеи расмӣ навиштаанд, ки Андрис Берзинш зимни ин боздид бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъияти минтақа гуфтугӯ хоҳад кард.

Ба гуфтаи ин манобеъ, ширкат ва суханронӣ дар аввалин ҳамоиши тоҷирони Латвия ва Тоҷикистон аз дигар меҳварҳои барномаи боздиди 2 рӯзаи ин мақоми олирутбаи Латвия унвон шудааст.

Ин манобеъ хабар медиҳанд, ки дар поёни музокироти сарон ва ҳайатҳои расмӣ имзои чандин санади ҳамкорӣ аз сӯи мақомоти 2 кишвар дар бахшҳои мухталиф барномарезӣ шудааст.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст