Бо дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон корвони кӯмаки башардӯстона омода гашта, ба минтақаи осебдидаи расонида мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Президент, ин кӯмакҳо  иборат аз маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, оби нушокӣ буда, дар наздиктарин фурсат ба зарардидагон расонида хоҳанд шуд.

-Фиристондани ин кӯмаки бародарона як нишонаи дигари чун дарди худ қабул намудани фоҷеаи ба сари ҳамсоягони наздики мо омада аст, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии Президент.

Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи як лағшиши кӯҳ дар вилояти Бадахшони Афғонистон 350 нафар ба ҳалокат расид. Мақомоти маҳаллӣ имрӯз 3-юми май эълон карданд, ки талафот эҳтимол ба беш аз 2500 нафар мерасад.

Бино ба иттиллои расонаҳо, то кунун дар деҳаи Оби хушки ин минтақа марги беш аз 350 тафар таъйид шуда, зиёда аз 3200 нафари дигар беномунишон боқӣ мондаанд. Дирӯз лағзиши кӯҳ дар як даҳаи дигари Бадахшони Афғонистон низ ҳудуди 300 хонаро вайрон ва ҷони беш 200 тан аз сокинони ин минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистонро рабуда буд.

Минтақаи Бадахшони Афғонистон яке аз маконҳоест, ки бештар аз дигар минтақҳои ин кишвар аз офатҳои табиӣ осебпазир аст ва коршиносони маҳаллӣ яке аз далели аслии ин офатҳои табииро дар кам шудани дарахтону буттаҳо арзёбӣ мекунанд, ки бино бар шароити вазнини зиндагӣ мардум барои гарм кардани хонаҳо ва пухтупази худ аксари онҳоро аз байн бурдаанд.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст