Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳӯрии кишварамон гуфт: Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад ва равобити 10 соли гузашта баёнгари ин мавзӯъ мебошад.

Ба гузориши ИРНА, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе дар аз паёми солонаи худ ба порлумон ва сокинони кишварамон афзуд: Кишварҳои Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дорои муштаракоти фарҳангӣ ва таърихӣ ҳастанд ва аз ин рӯ ҳар се кишвар ҳамкориҳо ва равобити худро дар ростои тавсеа ва шукуфоӣ таҳким хоҳанд бахшид.

Раиси ҷумҳурии кишварамон, нерӯгоҳи Сангтуда 2-ро, ки ба дасти мутахассисони эронӣ сохта шудааст, ба унвони бузургтарин тарҳи даврони истиқлоли Тоҷикистон ном бурд ва изҳор дошт: Ин нерӯгоҳи 220 мегаватиро дар соли ҷорӣ ба сурати комил мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем.

Раиси ҷумҳурии кишварамон ҳамчунин эҷоди камарбанди амниятиро муҳимтарин вазифаи сиёсии кишвараш донист ва гуфт: Кишвараш барои рафъи ихтилофоти марзӣ бо кишварҳои ҳаммарз хостори музокира аст.

Вай бо баёни ин ки тарафдори ҳазфи раводид миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст, изҳор дошт: Кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна метавонанд ба таври муштарак дар баробари ҳар гуна таҳдиди хориҷӣ ҳамкорӣ кунанд.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст