Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар 4-уми апрел дар мулоқот бо ҷавонони вилояти Суғд аз афзоиши ҷинояткорӣ дар байни мактабаччагон изҳори нигаронӣ карда гуфт: “Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят агар дар ҳамин давраи соли 2012 42 нафар хонандаи мактаб даст ба ҷиноят зада бошанд, дар соли 2013 ин теъдод то 54 нафар афзудааст.

Президенти кишвар ҳамчунин дар ин мулоқот эълом кард, ки: “Соли ҷорӣ 20 - солагии қабули Конститутсияи мамлакатро, ки дар таъмину таҳкими заминаҳои сиёсиву ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоламон нақши тақдирсоз дорад, инчунин бистумин солгарди қабули яке аз рамзҳои давлати соҳибихтиёрамон - Суруди миллиро дар сатҳи давлатӣ таҷлил мекунем”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома гуфт: Мо соли 2014-ро ба хотири гиромидошти яке аз асосгузорони фарҳанги асили инсондӯстиву ватанпарварӣ - Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар тарбияи ахлоқии аҳли башар саҳми басо арзишманд дорад, соли Ҷомӣ эълон намудем.

Ин донишманди камназир тамоми эҷодиёти худро ба тарбияи наслҳои хушахлоқу донишманд ва заҳматдӯсту инсонпарвар бахшида, садсолаҳост, ки фармудаҳои ӯ моҳияти тарбиявии худро гум накарда, ҳамчун раҳнамои наврасону ҷавонон хизмат мекунанд.

Гуфта мешавад сафари расмии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд 2-уми апрели соли 2014 оғоз гардида, ин сафари президент ҳанӯз ҳам дар ин вилоят идома дорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст