Шаби гузашта бориши барф ва туман кори фурӯдгоҳи шаҳри Душанберо мухтал кард.

Аз ҷумла ҳавопаймоҳи хатсайри Душанбе-Маскав, пойтахти Русия бо мусофирон шаби дирӯз дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд фурӯд омад.

Ҳамчунин ҳавопаймоҳҳо аз Чин ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ парвозҳо ба Тоҷикистонро барои муддате лағв кардаанд. Вале тавре, ки масъулони фурӯдгоҳ мегӯянд, ки кори фурӯдгоҳ субҳи имрӯз дубора барқарор шудааст.

Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи маркази матбӯъотии фурӯдгоҳ, рӯзи душанбе 24 март ба Би-би-сӣ гуфт, ки субҳи имрӯз бо парвози ҳавопаймоҳи масири Маскав-Душанбе, фаолияти фурӯдгоҳ аз сар гирифта шуд.

Вай афзуд: “Ҳавопаймоҳое, ки аз шаҳрҳои Дубай ва Урумчӣ ба Душанбе парвоз доштанд, парвозро барои чанд сол ба сабаби туман дар қаламрави фурӯдгоҳ ба таъвиқ гузоштанд ва қарор аст, ки имрӯз онҳо ба Душанбе бирасанд.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз мусофироне, ки қарор буд, дирӯз ба Маскав ва Урумчӣ парвоз бикунанд, дар фурӯдгоҳ аз баъд аз зӯҳри дирӯз шумори зиёди мусофирон интизори омадани ҳавопаймоҳо ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки мусофирони ду парвози масири Душанбе-Маскав, парвози Душанбе-Дубай, Душанбе-Иркутск ва Душанбе-Урумчӣ дар фурӯдгоҳ соатҳои тӯлонӣ мунтазир парвозҳо буданд.

Аз сӯи дигар ин барои бори дуввум дар соли ҷорӣ аст, ки бориши барф ва туман кори фурӯдгоҳи Душанберо мухтал мекунад. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ низ бориши барф кори ин фурӯдгоҳро барои ду рӯз мухтал кард.

Бархе аз коршиносони иқтисодӣ бо ишора ба мавҷудияти мавориди лағви парвозҳо дар ин фурӯдгоҳ дар шаш моҳи ахир мегӯянд, ки дар канори бозсозиҳое дар фурӯдгоҳ бояд бонди парвози он низ комилан бозсозӣ шавад.

Рустам Холиқов, раиси фурӯдгоҳ, дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод, ки дар моҳи феврал доир шуд гуфт, ки баъд аз бозсозии терминоли ин фурӯдгоҳ фаолияти он сад дар сад беҳбуд хоҳад ёфт. Бунёди ин терминол дар соли 2009 бо кумаки молии Фаронса оғоз ёфт ва қарор аст, ки дар тирамоҳи соли ҷорӣ, ин терминол мавриди истифода қарор гирад.

Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе аз баъд аз зӯҳри дирӯз то ҳудуди соъати 11:00 имрӯз бориши барф идома дошт ва гуфта мешавад, ки бархе аз маҳфилҳои наврӯзӣ дар атрофи пойтахти Тоҷикистон дар зери бориши барф доир шуданд

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст