Масъули баргузории намоишгоҳҳои эронӣ дар Тоҷикистон, натиҷаи шонздаҳумин намоишгоҳи иқтисодӣ ва тиҷории Эрон дар Душанбе - пойтахти ин кишварро мусбат арзёбӣ кард ва гуфт: Ин намоишгоҳ нисбат ба намоишгоҳҳои гузашта бештарин дастовардро барои ширкатҳои эронӣ доштааст.

Муҳаммадалии Умронӣ дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд: Дар маҷмӯъ панҷ ширкати эронӣ дар бораи сохти корхонаҳои муштарак дар заминаҳои саноат ва ҳамчунин интиқоли газ ба тавофуқ расиданд, ки дирӯз, душанбе тайи маросиме ин тавофуқномаҳо дар Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон ба имзо расид.

Вай гуфт: Чандин ширкати эронӣ низ дар ин намоишгоҳ тавонистанд муваффақ ба гирифтани намояндагии фурӯши маҳсулоти худ дар Тоҷикистон шаванд.

Умронӣ гуфт: Мардуми шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон аз намоишгоҳи байналмилалии Эрон дар ин шаҳр истиқболи хубе карданд.

Вай сифат ва танаввуъи маҳсулоти эрониро муҳимтарин далели мизони истиқболи хуби шаҳрвандони тоҷик ва ҳузури масъулони давлатии ин кишвар аз ин намоишгоҳ унвон кард.

Ин фаъоли иқтисодии Эрон гуфт: Масъулони ширкатҳои эронии ҳозир дар намоишгоҳ зимни ширкат дар ҷаласаҳои муштарак бо масъулони тоҷик ва ҳамчунин сарпарасти сафорати Эрон дар ин кишвар заминаҳои сармоягузориҳои бештар дар ин кишварро баррасӣ карданд.

Умронӣ изҳор дошт: Агар Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон барои ҳузури ширкатҳои муътабари эронӣ дар ин намоишгоҳҳо ва ҳамчунини имкони фурӯши маҳсулоти эронии иҷоза бидиҳад, тавлидоти эронӣ дар сабади масрафи мардуми тоҷик ҷойгоҳи вижае пайдо хоҳад кард.

Шонздаҳумин намоишгоҳи байналмиллалии ҳадоё, саноат ва бозаргонии Эрон бо ҳузури 40 ширкати эронӣ аз дувум то ҳаштуми март дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон доир буд.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст