Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, дар мизгирди тахассусӣ, ки ба мизбонии намояндагии ин хабаргузорӣ дар шаҳри Душанбе ва бо ҳузури коршиносони барҷастаи тоҷик ва эронӣ баргузор шуд, эълон шуд, ки Арабистони Саудӣ ва бархе аз кишварҳои дигари “Ховари наздик” ба далели вобастагиҳое, ки ба Амрико ва Ғарб доранд, заминаро барои истеъмори нав фароҳам кардаанд.

Ин мизгирд бо ҳузури "Исломуддини Файзалӣ” донишманди исломӣ, "Маҳдӣ Собиров" пажуҳишгари маркази мутолиоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, "Бобоҷон Қаюмзода" раиси таҳлилу барномарезии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, "Зулфиқор Исмоилиён" рузноманигор ва коршиноси сиёсӣ, "Раҳматуллоҳ Абдуллоев" муовини раиси маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа, "Зинатуллоҳ Исмоилов" мудири симои мустақилли Тоҷикистон ва "Султони Ҳамад" коршиноси сиёсӣ ва масъули торнамо ва нашрияи "Рӯзгор" баргузор шуд.

Коршиносони тоҷик эълон карданд, ки ончи имрӯз дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва дигар давлатҳои минтақаи наздик мегузарад бо барномаҳои бархе аз қудратҳо ва ба хусус Амрико ва Ғарб ва кишварҳои вобастаи онон ҳамчун Арабистони Саудӣ ва Қатар барои эҷоди бесуботӣ дар минтақа робитаи бевосита дорад.

Ин соҳибназарони масоили сиёсӣ ва амниятии минтақа бар ин боваранд, ки бархе аз давлатҳои Ховари наздик ба хусус Арабистони Саудӣ ва Қатар худро дар масири манофеи Амрико, Араб ва режими саҳюнистӣ (Исроил) қарор дода ва нафъи худро дар эҷоди ҳарҷу марҷ ва бесуботӣ дар минтақа медонанд.

Соҳибназарон ҳузур ва фаолияти гурӯҳои ифротӣ ва терористӣ бо пӯшиши исломӣ дар Осиёи марказиро низ барои субот ва амнияти ин минтақа хатарнок донистанд ва хостори иқдомоти ҳисобшудаи давлатҳо дар ин замина шуданд.

Дар бахшҳои баъдӣ бо назари соҳибназарон бештар ошно хоҳем шуд.

Хабаргузории Форс

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст