Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, тамдиди ҳузури низомии Русия барои 29 соли дигар, раёсати давраии созмони ҳамкории Шанхай, ҳабси "Зайд Саидов" аз мунтақидини давлати Тоҷикистон аз ҷумла руйдодҳои муҳимми соли гузаштаи ин кишвар аст.

Интихоботи 2013 Тоҷикистон

Интихоботи шашуми Ноябри 2013, ки Эмомалӣ Раҳмон бо касби 84% раъй барои чорумин бор, курсии раёсати ҷумҳурии ин кишварро барои ҳафт соли оянда дар ихтиёр гирифт, яке аз муҳимтарин руйдодҳои соли ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Вай дар интихоботи 2013, ки бо ҳузури номзадҳое аз шаш ҳизби расмии Тоҷикистон баргузор шуд, бо ихтилофи зиёде аз руқабои худ, ки аз шахсиятҳои сиёсӣ ва донишгоҳӣ буданд ба пирӯзӣ расид.

Давлати Тоҷикистон ки 60% кобинааш тармим шудааст, барои таҳияи барномаи тавсеаи ин кишвар то соли 2020 барномарезӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки "Ойнҳол Бобоназарова" номзади воҳиди неруҳои "ислоҳталаб"-и тоҷик дар марҳалаи омодагӣ барои ширкат дар интихобот натавонист 210 ҳазор имзои тарафдоронашро ҷамъоварӣ кунад ва ба ин далел аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум шуд.

Таҳлилгарон нокомии Бобоназароваро, ки аз сӯи ҳизби "Наҳзати исломӣ" ва ҳизби "Сотсиал демократ"-и ин кишвар номзади интихобот шуда буд бо фишори ниҳодҳои расмии давлати ин кишвар муртабит медонанд.

Раёсати давраии созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2014

Тоҷикистон барои дуввумин бор дар таърихи беш аз 10 солаи ин кишвар раёсати давраии созмони ҳамкории Шанхайро бар ӯҳда гирифт.

Раёсати давраии созмони ҳамкории Шанхай дар нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар Шаҳривармоҳи соли ҷорӣ ба ӯҳдаи Тоҷикистон гузошта шуд.

Тоҷикистон ба унвони узви собити созмони Шанхай ба муддати як сол ин раёсатро ба ӯҳда дорад ва соли 2014 ин кишвар мизбони иҷлоси Шанхай хоҳад буд.

Мақомоти Душанбе умедворанд, ки дар муддати раёсати созмони Шанхай тарҳҳои минтақаии Тоҷикистон меҳвари сарони ин иҷлос қарор гирад ва барои сармоягузорӣ дар сатҳи ин созмон ироа ва тадвин шавад.

Саранҷоми нохушоянди чеҳраи матраҳи сиёсии Тоҷикистон

Боздошти "Зайд Саидов" вазири собиқи саноеъу энергетикаи Тоҷикистон ва аз тоҷирони муваффақи ин кишвар низ аз дигар руйдодҳои муҳимми соли гузаштаи мелодӣ буд, поёни бадеро барои вай рақам зад.

Саидов, ки пас аз имзои тавофуқномаи сулҳи давлат ва иттиҳодияи неруҳои мухолифон дар соли 1997 ба Тоҷикистон бозгашт, бар асоси саҳми 30% мухолифон, узви кобинаи давлат шуд ва муддате мансаби вазири саноеъро ба ӯҳда гирифт.

Вай пас аз барканорӣ аз ин мақом дар муддати кутоҳе дар радифи тоҷирони муваффақи Тоҷикистон қарор гирифт.

Саидов пас аз ин ки дар моҳи Апрел эълон кард, ки як ҳизби ҷадиди сиёсиро ба ҷиҳати тавсеаи ислоҳоти иқтисодӣ бо номи "Ҳизби Тоҷикистони нав" роҳандозӣ мекунад, ки рӯзгораш тира шуд.

Ниҳодҳои расмӣ пас аз баёнияи ӯ дар мавриди эҷоди ин ҳизб фишор бар ширкатҳо ва тарафдоронашро оғоз карданд, ки дар натиҷа Саидов пас аз як моҳ аз расонаӣ кардани тарҳи таъсиси ҳизби ҷадидаш боздошт шуда ва 7 моҳ мавриди бозпурсии гурӯҳи бозрасони ниҳоди мубориза бо фасоди Тоҷикистон қарор гирифт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар 25 Декабри 2013 ба муҳокимаи парвандаи Саидов поён дод ва ӯро бар асоси чаҳор банди қонуни кайфарӣ ба 26 сол зиндон маҳкум кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон амволи вай ба нафъи давлати ин кишвар мусодира шуда ва дар айни ҳол ба пардохти 17 ҳазор долар хасорат низ маҳкум шуд.

Тамдиди ҳузури низомии Русия то соли 2042

Москва ва Душанбе соли гузаштаро бо тавофуқ дар заминаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201 Русия дар хоки Тоҷикистон, содироти маҳсулоти нафтии муоф аз аворизи гумрукӣ ба поён расонданд.

Асноди тавофуқоти ду кишвар дар моҳи Октябри соли 2012 байни "Владимир Путин" ва "Эмомалӣ Раҳмон" дар Душанбе ба имзо расид, ки ниҳоӣ шудани ин тавофуқот як сол ба тул анҷомид.

Мақомоти Душанбе дар чаҳорчуби ин тавофуқот муваффақ шуданд, санаде дар заминаи эҷоди шароити беҳтар барои ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия низ ба имзо бирасонанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба хуруҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014, тавофуқи Тоҷикистон ва Русия дар мавриди тамдиди ҳузури низомии пойгоҳи 201 ва ҳамчунин тасмими сарони кишварҳои узви созмони амнияти ҷамъӣ дар заминаи кӯмаки низомӣ барои тақвияти неруҳои марзбонии Тоҷикистон, иқдомоти муҳим барои таъмини амнияту ҳифзи суботи ин кишвар ва ҳамчунин минтақаи осиёи марказӣ унвон мешавад

Вуруди Тоҷикистон ба созмони тиҷорати ҷаҳонӣ

Баъзе аз манобеъ вуруди Тоҷикистон ба созмони тиҷорати ҷаҳониро низ аз руйдодҳои муҳимми соли гузаштаи мелодии ин кишвар мешуморанд, аммо ин узвият ба ҷуз таъсири таблиғотӣ, дигаргунии дигаре дар вазъияти иқтисоди ин кишвар ворид накардааст.

Бознависӣ аз хабаргузории Форс

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст