چاپ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Достони ҳилоли моҳи Рамазон

Қисмати дуввум

Роҳи раҳоӣ аз худи фиребанда

Достони ҳилоли Рамазон баёнгари ин аст, ки инсон бо таҷриба ва ақли худ ба танҳои наметавонад, ба ҳақиқат даст ёбад, балки ӯ бояд ақлу хиради худро ба кор гирад ва даст ба домани роҳнамоёни ҳидоят шавад, ҳақиқатро аз забони онҳо биомӯзад. Ҳоло як вақт аст, ки ба хотири як кори рӯзмара мехоҳад тасмим бигирад, иштибоҳ кунад, шояд чандон зарар накунад, аммо вақте як тасмими ҳаётӣ ва ё як тасмиме, ки илова бар ин дунё зиндагии пас аз маргро ҳам брояш рақам мезанад, бояд бо тамоми вуҷуд даст ба домани дин шавад, то наҷот пайдо кунад. Бо таомми вуҷуд даст ба домани паёмбарони илоҳӣ (а) ва имомони ҳидоят шавад, вагарна дар гумроҳӣ ва худфиребӣ мемонад.

  То замоне ки инсон даст дар домани дини ҳақиқӣ надошта бошад ва ҳақ дар ӯ таҷҷалӣ накарда бошад, маҳол аст, ки битавонад дар масири зиндагӣ мунҳариф нашавад. Дин вақте ирисӣ бошад ва инсон бо парвардигораш иртиботи ҳақиқӣ надошта бошад, наметавонад, худфиребӣ надошата бошад ва ба худ дуруғ нагӯяд, чаро ки баъдан хоҳем гуфт, ки шайтон чикора аст ва барои гумроҳии инсон чи найрангҳо ва шайтанатҳоеро ба кор мегирад, то ҳамаро аз дини Худо гумроҳ кунад.

  Инсон бояд аз Ҳазрати Алӣ (рз) биомӯзад, ҳамон тавре, ки дар аҳодиси Паёмбар (с) омадааст, ки Алӣ (рз) ба ботил ҳаракат намекунад, ӯ бо Қуръон аст, ҳақ бо Алӣ (рз) ва Алӣ (рз) бо ҳақ аст.

  Ҳазрати Паёмбар (с) фармуданд:

«عَلِیٌّ مَعَ الْقُرْآنِ، وَالْقُرْآنُ مَعَ عَلِیٍّ لَنْ یَتَفَرَّقَا حَتَّى یَرِدَا عَلَیَّ الْحَوْضَ»

Алӣ ҳамроҳи Қуръон аст ва Қуръон ҳамроҳи Алӣ аст, ҳеҷгоҳ Алӣ аз Қуръон ва Қуръон аз Алӣ ҷудо намешаванд, то ин ки канори ҳавзи кавсар бар ман ворид шаванд. (Алмустадрак ало саҳеҳайн,ҷ.3,саҳ.134)

Ин ҳадис ва дигар аҳодисе, ки дар фазилати он ҳазрат оамадааст, бархе аз бузургон гуфтанд, вақте ихтилоф шуд ва мо натавонистем ҳаққро ташхис диҳем, ба Али (рз) иқтидо мекунем.

  Ҳол мо ҳам дар инҷо чанд матлабро аз забони худи он ҳазрат, ки баёнгари ин нукта аст, ки ман худро фиреб намедиҳам ва дигаронро ҳам фиреб намдиҳам, дар роҳи ҳақ ҳастам, дигарон наметавоананд маро гумроҳ кунад ва... меоварем, то мо ҳам ба он ҳазрат иқтидо карда бошем, аз инҳирофот ва гумроҳиҳо наҷот пайдо кунем.

  Ҳазрати Алӣ(рз) дар сухане мефармояд:

«فَوَاللَّهِ الَّذِي لَاإِلهَ إِلَّا هُوَ إِنِّي لَعَلَى‏ جَادَّةِ الْحَقِّ»

"Савганд ба Худо ки ҷуз Ӯ Худое нест, дар роҳи ҳақ қадам бармедорам," (Наҳҷулбалоға, хутбаи 197)

Касе ки дар роҳи ҳақ аст, натанҳо худро фиреб намедиҳад, балки фиреби дигаронро ҳам намехӯрад. Шайтон ва ё ҳар фиребандаи дигар наметавонад бо шубҳа афкани вайро фиреб диҳад.

Дар ҷои дигар мефармояд:

«وَ اِنّ مَعی لَبَصیرَتی، مَا لَبَّسْتُ عَلَى‏ نَفْسِي، وَلَا لُبِّسَ عَلَيَّ».

  "Ва ҳамоно ман огоҳӣ ва басирате ба ҳамроҳи худ дорам, ки на ҳақиқатро бар худ муштабаҳ сохтаам ва на дигарон метавонанд бар ман муштабаҳ бисозанд."(Наҳҷулбалоға, хутбаи 10)

  Яъне ман худро фиреб надодам ва чизе ҳам бар ман муштабаҳ нашудааст. Гоҳе худро фиреб медиҳем ва ин боис мешавад, ки дигарон ҳам моро фиреб диҳанд, то замоне ки бо худ содиқона рафтор кунем, даст аз домани дин ҷудо накунем, ҳеҷ гоҳ фиреб намехӯремю

Инсон вақте бо худ содиқона рафтор кунад ва худро фиреб надиҳад, мисдоқи ояти Қуръон мешавад, аз бемаъноӣ ба маъно ва аз марг ба ҳаёти ҳақиқӣ мерасад, ки бо худ нур ва равшаноӣ дорад, ки дигарон бо нӯри ӯ ҳаракат мекунанд.

Худованд мефармояд:

أَ وَ مَنْ كانَ مَيْتاً فَأَحْيَيْناهُ وَ جَعَلْنا لَهُ نُوراً يَمْشِي بِهِ فِي النَّاسِ...

"Оё касе, ки мурда буд, сипас ӯро зинда кардем ва барои ӯ нуре қарор додем, ки бо он дар миёни мардум роҳ меравад, " (Сураи Анъом, ояти 122).

Ҳаракат дар роҳи Худо бо пайрави аз Паёмбар(с) аст, ки роҳи фиреби дигаронро мебандад ва намегӯзорад дар инҳирофи онҳо гирифтор шавӣ.

Ҳазрати Али(рз) дар ин бора мефармояд:  

«وَإِنِّي لَعَلَى‏ بَيِّنَة مِنْ رَبِّي، وَمِنْهَاجٍ مِنْ نَبِيِّي، وَإِنِّي لَعَلَى‏ الطَّرِيقِ الْوَاضِحِ»

  "Ва ҳамоно ман нишонаи равшан (бар ҳаққонияти худ) аз Парвардигорам дорам ва бо шеваи Паёмбар (с) қадам бармедорам ва дар роҳи возеҳ ҳаракат мекунам."

Пас ҳамон тавре, ки дар инҷо хондем, роҳҳои раҳоӣ аз худфиребӣ ва наҷот аз фиреби дигарон, даст дар домани дини ҳақиқӣ доштан аст, ҳамон тваре, ки Ҳазарти Али (рз) фармуданд, ман нишона равшан барои ҳаққонияти роҳи худ аз Парвардигорам дорам ва бо шеави ва равиши Паёмбар (с) қадам бармедорам ва дар роҳи возеҳу равшан ҳаракат мекунам.

Идома дорад...

بازدید: 1214