چاپ
Баъд аз ин ки корвони асирони дашти Карбало аз Шом ба Мадина баргаштанд ва зулми ҳукумати Язид ба Аҳли байти Паёмбари Аъзам(с) барои мардуми Мадина маълум шуд, фаҳмиданд, ки барои чӣ имом Ҳусейн (а) қиём карду ҳозир ба байъат бо Язид нашуд. Аммо ҳануз шахсияти воқеии Язид барои онҳо маълум нашуда буд. 
Ин нороҳатии мардумро ҳокими Мадина эҳсос кард. Барои дилҷӯӣ аз ин мардум, бо Шом ҳамоҳанг кард, то теъдоде аз мардуми Мадина ба Шом ба назди Язид бираванд ва Язид дили онҳоро ба даст биёрад.
Намояндагони шаҳри Мадина ба шаҳри Шом ба назди Язид рафтанд. Дар ин гуруҳ афроди шинохташудае монанди Абдуллоҳ ибни Ҳанзалаи Ансорӣ маъруф ба Ғасилулмалоика, Абдуллоҳ ибни Абӯамри Махзумӣ, Мунзар ибни Зубайр ҳам буданд. Язид ба онҳо эҳтироми бисёр кард ва ҳадияҳои зиёд дод ва онҳоро гусел кард.
Ибни Зубайр аз Шом ба Ироқ рафт ва дигарон ба шаҳри Мадина баргаштанд ва ба мардум гуфтанд: "Мо аз назди касе омадем, ки дин надорад, шароб мехӯрад ва ҳамеша сагбозӣ ва рақсу бозӣ мекунад. Бо занҳои раққоса шабҳо менишинад. Мо шуморо гувоҳ мегирем, ки аз ин ба баъд ӯро халифа намедонем".
Абдуллоҳ ибни Ҳанзала бархосту гуфт: Ман аз назди шахсе омадам, ки агар ҳеҷ кас ба ман ёрӣ ва ҳамкорӣ накунад, бо фарзандонам бо ӯ меҷангам. Язид ба ман пул ва ҳадяҳои зиёде дод ва бисёр эҳтиром кард, вале ман ин пулҳоро қабул кардам, то бо худаш биҷангам.
Мардуми Мадина Язидро аз хилофат барканор ва Абдуллоҳ ибни Ҳанзаларо ба унвони халифа интихоб карданд. Мунзар ибни Зубайр низ ба шаҳри Мадина даромад ва мардумро бар зидди Язид ташвиқ карда гуфт: Язид сад ҳазор динор ба ман дод, вале ман ончиро, ки дидаам ба шумо мегӯям. Мунзар гуфт: Ба Худо қасам! Язид шароб мехӯрад ва чунон маст мешавад, ки гузашти замонро намефаҳмад ва намозаш қазо мешавад.
Ба ҳамин хотир мардуми Мадина ба зидди ҳукумати Язид бархостанд ва фармондори ӯро ба номи Усмон ибни Муҳаммад ибни Абӯсуфён ва ҳамчунин дигар хонадони умавиро аз шаҳр берун карданд.[1]
Вақте ин хабар ба Шом расид ва Язид фарзанди Муовия бохабар шуд, ки мардуми Мадина бо Абдуллоҳ ибни Ҳанзала байъат карда, коргузорони ӯро аз шаҳр берун кардаанд, лашкареро ба фармондеҳии Муслим ибни Уқба барои ҷанг бо мардуми Мадина фиристод.
Язид ба Муслим ибни Уқба чунин фармон дод: Мардуми Мадинаро се рӯз ба байъат даъват кун ва агар қабул карданд, ту ҳам байъати онҳоро қабул кун, вале агар қабул накарданд аз Худо кӯмак бигир ва бо онҳо мубориза ва ҷанг кун ва пас аз пирӯзӣ сарбозонатро се рӯз дар шаҳри Мадина озод бигузор.[2]
Мардуми Мадина ҳам вақте аз омадани лашкари Язид хабардор шуданд аз шаҳр берун баромаданд ва дар минтақае, ки номаш Ҳарра аст бо лашкари Язид ҷангиданд ва муқовимат карданд.
Дар ин ҷанг, ки дар моҳи зилқаъдаи соли 64-уми ҳиҷрии қамарӣ воқеъ шуд, теъдоди зиёде аз мардуми Мадина ба дасти лашкари Язид кушта дар охир мардуми Мадина шикаст хурданд.
Лашкари Язид бо аспҳо ва кафшҳои худ дохили ҳарами ҳазрати Паёмбари Аъзам(с) шуданд ва масҷиди он Ҳазратро олуда ва шаҳрро ғорат карданд.
 Дар ин ҷанг зиёда аз даҳ ҳазор нафар аз бузургон ва тобеон[3], ки 80 нафари онҳо саҳобаи Паёмбари Аъзам(с) буданд ноҷавонмардона ва золимона кушта шуданд. [4]
Дейнаварӣ менависад: Дар ҳодисаи хунини Ҳарра ҳаштод нафар аз асҳоби Расули Худо(с) ва ҳафтсад нафар аз Қурайш ва Ансор кушта шуданд.
Ибни Касир менависад: Гурӯҳе аз бузургони саҳоба монанди Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва Абӯсаиди Худрӣ барои ҳифзи ҷонашон ба куҳ паноҳ бурданд ва Абӯсаид дар ғор махфӣ шуд.[5]
Аз Молик ибни Анас нақл шудаст, ки гуфт: Дар ҳодисаи Ҳарра ҳафтсад нафар аз қориён ва ҳофизони Қуръон, ки се нафари онҳо аз асҳоби Расули Худо (с) буданд кушта шуданд.[6]
Сипас Муслим ибни Уқбаро, ба хотири ин ки дар куштани мардуми Мадина аз ҳад гузаронд, мусриф (зиёдарав дар куштор) мегуфтанд.
Баъд аз пирузӣ се рӯз шаҳри Мадина барои лашкари Язид озод буд. Дар ин муддат ба номуси духтарон ва занони мусулмони шаҳри Паёмбари Аъзам(с) беҳурматӣ ва таҷовуз шуд, ки ба нақли Мадоинӣ сабаби таваллуди садҳо фарзанди номашруъ гардид.
Ёқути Ҳамавӣ мегӯяд: Лашкари Язид ба шаҳри Мадина даромаданд ва молҳои мардумро ғорат ва фарзандонашонро асир карданд ва занҳо барои онҳо озод шуд, ки дар ин ҷасорат ҳаштсад зан, бордор шуда ва фарзандони номашруъ (ҳаромӣ) ба дунё оварданд, ки ба онҳо фарзандони Ҳарра мегуфтанд.[7]
Муслим ибни Уқба фармондеҳи лашкари Язид дастур дод, то ҳамаи мардуми Мадина ба унвони барда ва ғулом, бо Язид байъат кунанд, ки ҳар гуна ки хост бо молу ҷон ва номуси мардум рафтор кунад. Фақат ду нафар, имом Саҷҷод фарзанди имом Ҳусейн ва Алӣ ибни Абдуллоҳ ибни Аббос байъат накарданд.[8]
Ин дуюмин фоҷеае буд, ки дар парвандаи Язид фарзанди Муовия сабт шуд. Аввал сибти Паёмбари Аъзам(с) имом Ҳусейн ва теъдоде аз хонадони ҳазрат ва мӯъминони боихлосро ба шаҳодат расонд ва теъдоди дигарро асир кард ва баъд ҳурмати ҳарами амни ҳазрати Паёмбари Аъзам(с)-ро шикаст ва ҷиноятҳои зиёде анҷом дод ва парвандаи худро то қиёмат сиёҳ кард.
Хуни поки имом Ҳусейн(а) ва ёрони бовафояш мардумро бедор ва ҳукумати Бани Умайяро нопойдор кард. Роҳро аз чоҳ нишон дод.
[1]. Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ.489; Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.250; Таърихи Ибни Касир, ҷ.8, саҳ.217.
[2]. Таърихи Ибни Касир, ҷ.8, саҳ.239.
[3]. ал-Имомату вассиёсат, ҷ.1, саҳ.216.
[4] .Сияру аъломин нубало, ҷ.4, саҳ.228; Анниҳоя фи ғарибил ҳадис, ҷ.1, саҳ.351.
[5]. Таърихи Ибни Касир, ҷ.8, саҳ.241.
[6]. Алмаърифату ваттаърих, ҷ.3, саҳ.325.
[7]. Муъҷамул булдон, ҷ.2, саҳ.249.
[8]. Аттанбиҳ вал ишроф, саҳ.262.
بازدید: 1191