چاپ

Ҳазрати Хадиҷа пас аз чанд рӯз ҳазрати Муҳаммадро дид ва дар бораи алоқаи худ ба издивоҷ бо ӯ ингуна сухан гуфт: Эй писари амак, ба далели хешовандӣ, шарофати хонаводагӣ, амонатдорӣ, ахлоқи неку ва ростгӯӣ, ки дар шумо суроғ дорам ба шумо алоқаманд ва муштоқ шудаам.
Ҳазрати Муҳаммад (с) алоқаи Хадиҷаро барои издивоҷ бо худаш ба амакҳояш дар миён гузошт.
Абӯлаҳаб амӯи ҳазрат гуфт: Писари бародар, моро бар сари забони таънаи мардум наяндоз! Ту шоистаи Хадиҷа нестӣ!
Аббос амаки дигари ҳазрат аз ҷо бархосту бо хашм ба Абӯлаҳаб гуфт: Ту марди паст ва бадкирдоре ҳастӣ! Хадиҷа чӣ айбу эроде метавонад ба писари бародарам бигирад? Муҳаммад ҷамоли дилрабо ва камоли воло дорад! Хадиҷа чигуна метавонад худро бартар аз ӯ бидонад? Бо мол ё бо камолаш? Ба Худои Каъба қасам, Хадиҷа ҳар миқдор маҳрия бихоҳад савори аспам мешавам ва дар биёбонҳо мегардам ва ба дари хонаи подшоҳон меравам то онро барояш таҳия кунам!
Абӯтолиб баъд аз машварат бо бародаронаш ба ин натиҷа расид, ки пеш аз ҳар тасмиме аввал лозим аст, ки назари Хадиҷа ва шартҳои ӯро бифаҳманд ва баъд аз он огоҳона тасмим бигиранд. Аз ин рӯ Сафияро, ки аммаи ҳазрати Муҳаммад ва зани бародари Хадиҷа буд, ба хонаи ҳазрати Хадиҷа фиристод то бо ӯ гуфтугӯ кунад ва назари ӯро бифаҳмад.
بازدید: 1220