Сафари пурсуд, ростгӯӣ, амонатдорӣ ва мудирияти сафару тиҷорати ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳикоятҳои Майсара дар бораи ҳазрат, ки дар сафар ба Шом дида буд, ҳазрати Хадиҷаро беш аз пеш шефта ва алоқаманд ба ҳазрати Муҳаммад кард. Ӯ баъд аз ин ба фикри издивоҷ бо ҳазрати Муҳаммад афтод.
Расми ҷомеа ин буд, ки мард аз зан хостгорӣ кунад, вагарна садҳо сухану шоеа ва овоза барои он зан мекарданд.
Фикри ҳазрати Хадиҷа чанд муддат машғул буд ва дунболи роҳи ҳалле мегашт то алоқа ва муҳаббати худро ба ҳазрати Муҳаммад нишон диҳад ва бирасонад.
Саранҷом "Нафиса" дугонаи наздик ва роздори худро ба хона даъват кард ва аз ӯ хост то пеши ҳазрати Муҳаммад биравад ва ба шеваи муносиб алоқаи ҳазрати Хадиҷаро барои издивоҷ ба ӯ бирасонад ва назари ӯро ба даст биёрад.
Нафиса ҳазрати Муҳаммадро, ки аз тавофи Каъба бармегашт дид. Баъд аз аҳволпурсӣ гуфт: Эй Муҳаммад, чаро зан намегирӣ?
Ҳазрат ҷавоб дод: Бо дасти холӣ намешавал зан гирифт!
Нафиса фикре карду гуфт: Агар касеро ба ту шинос кунам, ки аз назари мақом, зебоӣ, шарофати хонаводагӣ ҳамтои ту бошад ва сармоя ва сарват ҳам дошта бошад, ҳозирӣ бо ӯ издивоҷ кунӣ?
Ҳазрати Муҳаммад баъд аз фикру андеша гуфт: Бибинам, ӯ кист?
Нафиса гуфт: Ӯ Хадиҷа аст!
Ҳазрат фикркунон фармуд: Магар ӯ шавҳар мекунад? Шунидаам, ки хелеҳо ба хостгорияш рафтаанд, вале ба онҳо ҷавоби рад додааст. Агар ӯ розӣ бошад ман мувофиқам!
Нафиса бо хушҳолӣ ва суръат ба хонаи Хадиҷа рафт ва аз ризоят ва алоқаи ҳазрати Муҳаммад барои издивоҷ бо Хадиҷа хабар дод!
(Ибни Саъд, Табақот, ҷ.1, саҳ. 131-132)
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст