چاپ
Ҳазрати Муҳаммад бо кӯмаки Майсара ва Носеҳ бори шутуронро бастанд. Баъд аз Худоҳофизӣ бо амӯҳояш ва Хадиҷа, ки барои бадрақаи онҳо омада буданд ба самти Абтаҳ ҳаракат карданд то ба корвони Қурайш, ки дар ҳоли ҳаракат ба сӯи Шом буд бипайванданд. Мардуми зиёде барои бадрақаи хешу табори худ дар он ҷо ҷамъ шуда буданд. Саранҷом корвон дар миёни ҷамъи бадрақаи мардуми Макка ба самти Шом ба роҳ афтод.
Пас аз тай кардани чанд манзил ба биёбоне ба номи "Водии амвоҳ" (ҷамъи миёҳ ба маънои об аст, чун дар ин ҷо сел мешуд) расиданд ва ногаҳон абри ғафсе ҳамаи осмонро пӯшонд. Он ҳазрат ба бузургони корвон гуфт: Дар ин биёбон боронҳои сахт ва селосо меборад. Беҳтар аст корвон дар болои куҳе бимонад ва пас аз он ки осмон соф шуд ва сел фурӯ нишаст ба роҳамон давом диҳем, вагарна гирифтори сел мешавем ва тамоми молу сармоя ва ҳатто ҷонамон дар хатар хоҳад афтод.
Корвониён пешниҳоди ҳазрати Муҳаммадро пазируфтанд. Ҳанӯз чанд лаҳзае аз расидани корвон ба куҳ нагузашта буд, ки борони бисёр сахт боридан гирифт ва пас аз муддати каме сел тамоми биёбонро фаро гирифт. Корвони Қурайш чор рӯз дар он биёбон монд ва пас аз фурукаш кардани сел бар роҳ афтод ва солим аз он ҷо гузашт.
Корвон ба минтақаи Ила ё Бусро расид. Дар он ҷо дайре буд, ки роҳибони зиёде машғули ибодат буданд. Яке аз онҳо олимтар буд ва Файлақ ибни Юнон ибни Абдусалиб ном дошт. Ӯ хусусиёт ва сифатҳои паёмбари охируззамонро дар китобҳои осмонӣ хонда буд. Файлақ медонист, ки паёмбари охируззамон аз сарзамини Ҳиҷоз зуҳур хоҳад кард ва бо корвони тиҷорӣ ба Шом сафар мекунад. Ӯ аз дур тиккаи абреро дид, ки болои сари корвон соя афканда ва бо он ба самти "Ила" ё "Бусро" дар ҳоли ҳаракат аст.
بازدید: 1147