چاپ
Ёри тоҷиккуши ман шеваи туркона намуд,
Ба сари миллати хеш ҳамлаи гургона намуд,

Хешро кушту бипарвард басе душмани худ,
Хонаи хеш ба оташ заду вайрона намуд,

Дер боз аст, ки тоҷик зи худаш дур шуда,
Тоҷи худ зад ба замин хидмати бегона намуд,

Зи азизону ватан ҳаст ғарибу дилгир
Баҳри бегона басе хидмати хирсона намуд,

“Сари хам теғ набуррад” ҳанӯз мегӯянд
Сар ба зону задаву ғур-ғури гунгона намуд,

Оҳ ин дард маро сухт, ки чаро тоҷики ман,
Рӯ ба ғурбат задаву сабр ба ғамхона намуд?

Вақти он аст, ки имону хирад роҳнамо
Шаваду тарки умед аз дари бегона намуд,

Эй Худо, ҳиммати мардона ато кун ба ҳама
Неъмати иззату озодӣ чу шукрона намуд

Дар ҷавонӣ зи ғаму ғусса бибин пир шудам
Хайр бодаш, ки дуо бо дами пирона намуд.

Шеър аз Шаҳоб Ҳикмат бо тағйирот
بازدید: 1263