چاپ

Масъулони ҳукумати золими вақт аз Буҳлул хостанд, ки як ҷоеро ба ноҳақ имзо ва доварӣ кунад.
Гуфт: Ба ман мӯҳлат диҳед. Ман дар ин ҳад нестам.
Вақте дид, ки ҳукумат ӯро барои қозӣ шудан маҷбур мекунад гуфт: Пас сабр кунед то фикр кунам ва фардо ҷавоби шуморо диҳам.
Фикр кард, ки худашро ба девонагӣ бизанад то зери бори имзо ва доварии ноҳақ наравад.
Фардо салаашро чапа гузошт, либосҳояшро чапа пӯшид, як дастаи бел бардошту онро байни ду пояш гузошту сари чӯбро гирифт ва думи дастаи бел ҳам зери яктаҳияш буд. Дар хиёбон боло ва поин париду гуфт: Роҳ диҳед, то асбам лагадат назанад!
Мардуми кӯчаву бозор ҳама хандиданд.
Буҳлул олим, фақеҳ ва муҷтаҳид буд, вале худашро ба девонагӣ зад.
Ба раиси дарбор гуфтанд: Фалонӣ девона шудааст.
Гуфт: Не, хеле ҳам оқил аст, вале худашро ба девонагӣ зад то имзои ноҳақ накунад.
Меарзад, ки инсон худашро ба девонагӣ бизанад, вале зери бори зӯри золим ва гуноҳ наравад.
Худо ба сагҳои кӯчагард ва тараканҳои сӯрохҳо рӯзӣ медиҳад. Як луқмаи нон арзиш надорад, ки мо зулм кунем. Агар касе дар сурати золим бихандад гуноҳ аст. Қуръон мегӯяд: Рӯзи қиёмат афроде мегӯянд: Худоё, азоби инҳо (раҳбарони золим)-ро ду баробар кун! (Аҳзоб/68) Худо мегӯяд: Азоби раҳбарони золим ва шумо ду баробар аст. (Аъроф/38) Барои раҳбарони золим ду баробар ҳаққашон аст, вале гадо ва пайрав чаро бояд ду баробар азоб шавад? Чун раҳбарони золими мунҳариф ҳам каҷ рафтанд ва ҳам гурӯҳеро ба роҳи каҷ бурданд, аммо гадоҳо ҳам каҷ рафтанд ва ҳам бо каф задан ва лабханд каҷравҳо ва золимонро ташвиқ карданд. Золимон аз ҳисоби мардум ва миллат ба нону навое расиданд. Нагӯ мо ришта ва нотавон будем. Агар ту канори сӯзан намерафтӣ, сӯзани бериштаро касе дар порча фурӯ намекард. Ба хотири ҳамин риштаи ту буд, ки сӯзанро дар порчаҳо фурӯ карданд. Ба хотири шумо ин раҳбарони золиму мунҳариф дар дунё овоза доранд. худашон ба танҳоӣ чизе нестанд. Пас агар пушти сари золим биравем шарики золим ҳастем. Агар касе зулм кунад, дигарӣ ёриаш намояд ва севумӣ бишнавад ва шод шавад ҳар се мисли ҳам гуноҳкоранд.
Худоё, моро ҷузъ ва ёвари золимон ва фароҳамкунандагони зулми золимон магардон!
Худоё, мо аз зулм ва золим ба ту паноҳ мебарем ва аз зулму золим безорем!
بازدید: 1527