Подшоҳе дарвешеро ба зиндон андохт. Нимашаб хоб дид, ки бегуноҳ аст. Пас ӯро озод кард.
Подшоҳ гуфт: Аз ман чизе бихоҳ!
Дарвеш гуфт: Вақте Худое дорам, ки нимашаб туро бедор мекунад то маро аз банд раҳо кунӣ, номардӣ нест, ки аз дигаре ҳоҷат бихоҳам?

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст