Бӯусмон мегӯяд: Бо Салмони Форсӣ зери дарахте нишаста будем. Ӯ шохаи хушкеро гирифту такон дод. Ҳамаи баргҳояш рехт.
Онгоҳ ба ман гуфт: Намепурсӣ, чаро чунин кардам?
Гуфтам: Чаро ин корро кардӣ?
Ҷавоб дод: Замоне зери дарахте дар ҳузури Расули Худо (с) нишаста будам. Ҳазрат шохаи хушки дарахтро гирифту такон дод. Тамоми баргҳояш рехт.
Сипас фармуд: Салмон, савол накардӣ, ки чаро ин корро анҷом додам?
Гуфтам: Мақсадатон аз ин кор чӣ буд?
Фармуд: Вақте мусулмон вузӯяшро ба хубӣ гирифт ва сипас намозҳои панҷгонаро ба ҷо овард, гуноҳони ӯ фурӯ мерезад, ҳамчунон ки баргҳои ин дарахт фурӯ рехт.
Биҳор, ҷ.82, саҳ.319

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст