Подшоҳе дар хоб дид, ки тамоми дандонҳояш афтоданд!
Таъбиркунандагони хобро даъват кард.
Аввалӣ гуфт: Таъбираш ин аст, ки марги тамоми хешовандонатро ба чашм хоҳӣ дид.
Подшоҳ нороҳат шуд ва дастур дод, ки ӯро муҷозот кунанд.
Дувумӣ гуфт: Таъбираш ин аст, ки умри подшоҳ аз тамоми хешовандонаш тӯлонитар хоҳад буд.
Подшоҳ хушҳол шуд ва ба ӯ ҷоиза дод!
Ҳар ду як мақсадро баён карданд, аммо бо ду ҷумлабандии мутафовит!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст