Шахсе хидмати имом Содиқ омад ва истихора кард. Истихора бад омад, вале ӯ онро нодида гирифт ва ба мусофирати тиҷоратӣ рафт ва иттифоқан ба ӯ хуш гузашт ва суди фаровоне ҳам бурд.
Вақте бозгашт хидмати имом рафт ва гуфт: Ёдатон ҳаст, ки истихора бароям кардед ва бад омад, аммо ман онро надида гирифтам ва суд ҳам бурдам.
Ҳазрат фармуд: Ёдат ҳаст дар фалон манзил хаста будӣ ва намози шому хӯфтанро хондӣ, шом хӯрдӣ ва хобидӣ ва ҳангоме бедор шудӣ, ки офтоб баромада буд ва намози субҳи ту қазо шуд?
Арз кард: Оре, эй фарзанди Расули Худо.
Фармуд: Агар Худо дунё ва ҳар чӣро, ки дар он аст ба ту бидиҳад ҷуброни он зарари маънавӣ намешавад.
  Ҷиҳод бо нафс, ҷ. 1, саҳ. 66

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст