Дар соле, ки қаҳтӣ шуда буд ва мардум зонуи ғам бағал гирифта буданд, орифе ғуломеро дид, ки шодмон аст.
Ба ӯ гуфт: Чигуна дар чунин вазъе шодӣ мекунӣ?
Ғулом гуфт: Ман ғулом ҳастам, ки соҳибам чандин галла дорад ва то вақте барои ӯ кор мекунам рӯзии маро медиҳад, пас чаро ғамгин бошам вақте ба ӯ эътимод дорам?
Ориф мегӯяд: Аз худам шарм кардам, ки як ғулом ба соҳибаш бо чанд гӯсфанд таваккул карда ва ғам ба дил роҳ намедиҳад ва ман Худое дорам, ки молики тамоми дунёст ва нигаронии рӯзии худ ҳастам.! Худоё, ....

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст