Дуредгаре буд, ки зани зебое дошт, ки подшоҳро маҷзуби худ карда буд
Подшоҳ айбе аз дуредгар гирифт ва ҳукми дор задани ӯро содир кард ва гуфт: Дуредгарро фардо дор занед
 Дуредгар он шаб натавонист бихобад.
 Ҳамсараш гуфт:  Монанд ҳар шаби маъмулӣ бихоб! Парвардигорат ягона аст ва дарҳои кушоиши бисёр дорад.
 Сухани ҳамсараш оромише бар дилаш эҷод кард ва чашмонаш сангин шуду хобид.
 Субҳи зуд садои пои сарбозон онро аз хоб бедор кард.
 Чеҳрааш дигаргун шуд ва бо ноумедӣ, пушаймонӣ ва афсӯс ба ҳамсараш нигоҳ кард, ки дареғо боварат кардам.
 Бо дасти ларзон дарро боз кард ва дастонашро пеш бурд то сарбозон занҷир бизананд.
 Ду сарбоз бо тааҷҷуб гуфтанд: Подшоҳ мурда ва аз ту мехоҳем, ки барояш тобут бисозӣ.
 Чашмони дуредгар барқе зад ва нигоҳе аз рӯи узрхоҳӣ ба ҳамсараш кард, ки   фикри зиёд инсонро хаста мекунад.
 Дар ҳоле ки Худованд Таборак ва Таоло молик ва тадбиркунанда корҳост. Соати зиндагиятро ба уфуқи одамҳои арзонқимат кук накун! Ё хоб мемонӣ ё аз зиндагӣ ақиб! Дар ҳар шароите умедатро ба Худо аз даст надеҳ ва ҳар лаҳза мунтазири раҳмати бекаронаш бош!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст