Ба Абӯсаид Абулхайр гуфтанд: Фалонӣ метавонад парвоз кунад.
 Гуфт: Ин, ки муҳим нест, магас ҳам мепарад.
 Гуфтанд: Фалониро чӣ мегӯӣ? Рӯи об роҳ меравад!
 Гуфт: Аҳамият надорад, тиккаи чӯб низ ҳамин корро мекунад.
 Гуфтанд: Пас аз назари ту каромат чист?
 Гуфт: Ин, ки дар миёни мардум зиндагӣ кунӣ, вале ҳеҷ гоҳ ба касе захми забон назанӣ, дурӯғ нагӯӣ, фиреб надиҳӣ ва бад баҳрабардорӣ накунӣ ва касеро аз худ нороҳат накунӣ. Ин шоҳкор ва каромат аст!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст