Деҳқоне хари пир дошт. Рӯзе хар ба даруни чоҳи беоб афтод. Деҳқон ҳар чӣ кушиш кард, натавонист харашро аз чоҳ берун биёрад.
Ӯ бо мардуми маҳал машварат кард. Онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки чоҳро пур аз хок кунанд, то хар зудтар бимирад ва бештар азоб накашад.
Мардум рӯи сари хар хок мерехтанд, аммо хар ҳар бор хокҳои рӯи баданашро метаконд ва зери пояш мерехт. Вақте хоки зери пояш боло меомад, саъй мекард рӯи хокҳо биистад.
Мардум ба қасди зинда ба гур кардани хари бечора давом доданд ва хар ҳам ба боло омадан давом дод, то ин ки ба лаби чоҳ расиду аз чоҳ берун омад ва ҳамаро  ҳайрон кард.
Диққат! Мушкилоти зиндагӣ ҳам монанди ин хок бар сари мо мерезад. Мо бояд интихоб кунем, ки онҳо моро зинда ба гур кунанд ё аз онҳо минбаре барои боло рафтан ва раҳо шудан бисозем!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст