Мардум дар бораи Бӯалӣ Сино афсонаҳо сохтаанд, масалан мегӯянд; Ҳангоме ки дар Исфаҳон буд, садои чаккуш мисгарҳои Кошонро мешунид.
Шогирдаш Баҳманёр ба ӯ гуфт: Шумо аз афроде ҳастед, ки агар иддаои пайғамбарӣ кунед, мардум мепазиранд ва воқеан аз хулуси ният имон меоваранд.
Бӯалӣ гуфт: Ин суханҳо чист? Ту намефаҳми?
Баҳманёр гуфт: На, матлаб ҳатман ҳамин аст, ки гуфтам.
Бӯалӣ хост амалан ба ӯ нишон диҳад, ки матлаб чунин нест. Дар як замистон, ки бо якдигар дар мусофират буданд ва барфи зиёде ҳам омада буд, ҳангоми тулӯъи субҳ, ки муаззин азон мегуфт, Бӯалӣ бедор буд. Ӯ Баҳманёрро садо кард.
Баҳманёр гуфт: Бале.
Бӯалӣ гуфт: Бархез!
Баҳманёр гуфт: Чӣ кор доред?
Бӯалӣ гуфт: Хеле ташнаам, як пиёла об ба ман бидеҳ то ташнагиам батараф шавад.
Баҳманёр шурӯъ кард ба далел овардан, ки устод, худатон табиб ҳастед, беҳтар медонед, ки меъда вақте дар ҳоли илтиҳоб бошад, агар инсон оби сард бихӯрад меъда сард мешавад ва беморӣ эҷод мекунад.
Бӯалӣ гуфт: Ман табибам ва шумо шогирд ҳастед. Ман ташнаам шумо барои ман об биёред. Чӣ кор доред?
Боз шурӯъ кард ба истидлол кардан ва баҳона овардан, ки дуруст аст шумо устод ҳастед, лекин ман хайри шуморо мехоҳам. Ман агар хайри шуморо риоят кунам, беҳтар аз ин аст, ки амри шуморо итоат кунам.
Пас аз он ки Бӯалӣ барои ӯ исбот кард, ки бархостан барои ӯ сахт аст, гуфт: Ман ташна нестам. Хостам шуморо имтиҳон кунам. Оё ёдат ҳаст, ки ба ман мегуфтӣ: Чаро иддаои пайғамбарӣ намекунӣ? Агар иддаои пайғамбарӣ кунӣ мардум мепазиранд. Шумо, ки шогирди ман ҳастӣ ва чандин сол пеш ман дарс хондаӣ, мегӯям, ки об биёр, намеорӣ ва ба ҷои он далел меорӣ. Дар ҳоле ки ин муаззин пас аз гузашти чандсадсол аз вафоти Пайғамбари Акрам (Дуруди Худо бар ӯ ва олаш бод) бистари гарми худашро раҳо карда ба болои миъзана ба он баландӣ рафтааст то нидои “Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ)-ро ба мардум бирасонад. Ӯ пайғамбар аст, на ман, ки Бӯалӣ Сино ҳастам.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст