Марде ба ҳузури Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) омаду арз кард: Эй Расули Худо, зане дорам, ки ҳар вақт мехоҳам аз манзил берун равам, маро то дами дар ҳамроҳӣ мекунад ва ҳар вақт мехоҳам биёям, ба истиқболам меояд. Ҳар вақт ғамгин шавам, ба ман мегӯяд: Агар ғами ту барои дунё ё моли дунё аст, Худованд кафили рӯзии бандагон аст ва агар ғами ту барои амри охират аст, Худованд ғами туро барои охират зиёд кард то аз оташи ҷаҳаннам халос шавӣ.
Паёмбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Худованди Мутаол коргузороне дорад ва ин зан аз коргузорони Худованд аст ва барои он зан нисфи аҷри шаҳид аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст