Рӯзҳо гузашт ва дарди зоймон оғоз шуд. Марям барои зоймон ба тарафи деҳкада ва зери дарахти хурмои хушкидае рафт, дар ҳоле ки дарди сахте дошт. Ба даргоҳи Худо рӯ овард ва нола кард, ки: Эй кош пеш аз ин мурда будам ва аз зеҳнҳо рафта ва фаромӯш шуда будам ва чунин рӯзеро намедидам.

Дар ин ҳангом навзодаш Исо(а) таваллуд шуд ва бо модари дарманд ва ҳаросони худ ба сухан даромад ва гуфт: Модар! Ғамгин набош! Нигоҳ кун, Худованд дар зери поят ҷӯи об ҷорӣ кардааст, аз он бинӯш ва сурати худро бишӯй ва танаи ин дарахти хурморо такон бидеҳ то хурмои тоза аз он бирезад. Аз ин хурмо бихӯр ва хушҳол бош ва агар касе аз ту пурсад, ки ин кӯдакро аз куҷо овардӣ бигӯ: Имрӯз назр кардаам, ки рӯза бигирам ва бо касе сухан нагӯям.

Марям каме хурмо хурд ва аз об нӯшид. Сипас кӯдаки дилбанди худро дар оғӯш гирифт ва бо изтироб ва нигаронӣ ба сӯи қавмаш баргашт. Вақте ба хона расид хешонаш бо дидани кӯдаке дар оғӯшаш ҳайрон шуданд ва гуфтанд: Эй Марям! Падарат марди бад ва модарат ҳам зани бадкорае набуд. Пас ту ин навзодро аз куҷо овардӣ? Суханони мардум тамомшуданӣ набуд. Ҳар кас ҳар чӣ мегуфт ва ӯро озор медод.

То ин ки Марям бо ангушташ ба навзод ишора кард. Яъне агар мехоҳед ҳақиқатро бидонед аз худи кӯдак бипурсед. Мардум бо тааҷҷуб ба якдигар нигоҳ карданду гуфтанд: Аз худи ӯ? Аз ин бачаи якрӯза? Моро масхара мекунӣ? Бо навзоде, ки дар гаҳвора аст чигуна сухан бигӯем? Аммо навзод ба амри Парвардигор ба сухан даромад ва гуфт: Ман бандаи Худо ва паёмбари ӯ ҳастам ва ба ман китоб додааст. Ӯ маро, то ҳангоме ки зинда бошам ба намоз ва закот ва некӣ ба модарам супориш кардааст.

Дигар ҷое барои шак ва дудилӣ набуд ва ин хабар хеле зуд дар саросари Носира ва Байтулмуқаддас пахш шуд ва мардум фаҳмиданд, ки ин кӯдак мисли кӯдакони дигар нест, балки мақоми бузург ва боазамате дорад.

Пас аз таваллуди ҳазрати Исо ситорашиносон аз таваллуди ҳазрати Исо бохабар шуданд ва барои диданаш ба шаҳри Байтулмуқаддас омаданд ва барояш ҳадя ва туҳфа оварданд.

Вале Ҳерудус подшоҳи яҳудӣ, вақте хабари таваллуди ҳазрати Исоро шунид, аз тарси инки мабодо ба подшоҳии ӯ хатаре нарасонад, фармон дод, ки ӯро бикушед.

Марям аз тарси кушта шудани фарзандаш, ба Миср рафт ва муддате дар онҷо монд ва баъд аз бузург шудани фарзандаш ба Носира баргашт.

Ҳазрати Марям пас аз он, ҳамеша ба ибодати Худованд машғул буд ва мардумро кӯмак мекард. Мардум ҳам, ки овозаи тақво ва парҳезкорӣ, покдоманӣ ва дурусткории ӯро шунида буданд аз шаҳру деҳот ба диданаш меомаданд ва барои дармони беморони худ аз ӯ кӯмак мехостанд. Ҳазрати Марям ҳам аз Худованд кӯмак мехост ва беморони онҳо шифо меёфтанд ва ба онҳо мегуфт: Ман ҳам мисли шумо бандаи Худо ҳастам ва фақат ӯст, ки бар ҳар коре тавоност.

Бо ин ҳол мардум барои ҳалли мушкилоташон ба назди ӯ меомаданд.

Саранҷом ҳазрати Марям пас аз чандин сол зиндагӣ ва ибодат ва баъд аз боло рафтани ҳазрати Исо, ба хотири ихлос ва сабраш ба оқибати хубе, ки хостаи мӯъминон аст, расид ва дар синни 63 солагӣ ба сӯи дидори Худо рафт.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст