Рӯзе марди кӯре рӯи пиллаҳои сохтмоне нишаста ва коса ва таблоеро пеши пояш гузошта буд. Рӯи табло навишта буд: «Ман кӯр ҳастам. Лутфан кӯмак кунед.»
Рӯзноманигори халлоқе аз канори ӯ мегузашт. Нигоҳе ба ӯ карду фақат чанд танга дар даруни коса буд. Ӯ чанд танга дар коса андохт ва бе ин ки аз марди кӯр иҷоза бигирад таблои ӯро бардошт ва онро баргардонд ва эълони дигаре рӯи он навишт ва таблоро пеши пои ӯ гузошт ва рафт.
Асри он рӯз рӯзноманигор ба он ҷо баргашт ва дид, ки косаи марди кӯр пур аз танга ва пул шудааст.
Марди кӯр аз садои қадамҳояш хабарнигорро шинохт ва хост агар ӯ ҳамон кас аст, бигӯяд рӯи табло чӣ навишта буд.
Рӯзноманигор ҷавоб дод: Чизи хоссу муҳимме набуд. Ман фақат навиштаи шуморо таври дигаре навиштам ва лабханде заду рафт.
Марди кӯр ҳеҷ вақт надонист, ки ӯ чӣ навиштааст, вале рӯй тоблуи ӯ хонда мешуд: Имрӯз баҳор аст, вале ман наметавонам онро бибинам!!
Пас вақте коратонро наметавонед пеш бибаред, нақшаи худро тағйир диҳед. Хоҳед дид, ки беҳтаринҳо мумкин хоҳад шуд. Бовар дошта бошед, ки тағйир беҳтарин чиз барои зиндагӣ аст.
Ҳатто барои кӯчактарин аъмолатон аз дил, фикр, ҳуш ва рӯҳатон моя бигузоред. Ин рамзи муваффақият аст...

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст