Пирамаде машғули вузу гирифтан буд, аммо шеваи дурусташро намедонист. Имом Ҳасан ва имом Ҳусайн(а) дар он ҳангом хурдсол буданд. Онҳо вузу гирифтани пирамардро диданд.
Ҷои тардид набуд, ки таълими масоил ва роҳнамоии ҷоҳил воҷиб аст. Бояд вузуи дурустро ба пирамад ёд дод, аммо агар бевосита ба ӯ гуфта шавад, ки “вузуи ту дуруст нест” илова бар ин ки сабаби ранҷиши хотири ӯ мешавад барои ҳамеша хотираи талхе аз вузу хоҳад дошт.
Ин ду тифл андешиданд то бо восита ӯро тазаккур диҳанд. Аввал он ду бо якдигар ба баҳс пардохтанд ва пирамад низ суханони он дуро мешунид.
Яке аз он ду гуфт: Вузуи ман аз вузуи ту комилтар аст.
Дигарӣ ҳам мегуфт: Вузуи ман аз вузуи ту комилтар аст.
Сипас он ду бо ҳам тавофуқ карданд, ки дар ҳузури пирамард ҳар ду нафар вузу бигиранд ва пирамард доварӣ кунад.
Он ду тибқи қарор амал карданд ва ҳар ду вузуи дурусту комилеро пеши чашми пирамард гирифтанд.
Пирамард тоза фаҳмид, вузуи дуруст чигуна аст ва ба мақсуди аслии ду тифл пай бурд ва сахт таҳти таъсири маҳаббату ҳушу фаросати онҳо қарор гирифт.
Сипас пирамад ба он ду бузургвор гуфт: Вузуи шумо дурусту комил аст. Ман пирамарди нодон будам ва шумо ба ҳукми муҳаббате, ки бар уммати ҷадди худ доред манро фаҳмондед. Аз шумо хеле сипосгузорам.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст