Шахсе ҳангоми роҳ рафтан пояш ба тангае хӯрд. Торик буд. Фикр кард, ки тилост. Коғазеро оташ зад то онро бибинад. Дид тангаи як сомонӣ аст. Баъд дид коғазе, ки оташ зада сад сомонӣ будааст. Гуфт: Чӣ чизеро барои чӣ чизе оташ задам.

Ин ҳикояти зиндагии хеле аз мо аст, ки чизҳои боарзишро барои чизҳои беарзиш оташ мезанем ва худамон ҳам хабар надорем.

Оромиши имрӯзамонро фидои чашм ва ҳам чашмиҳо ва муқоиса карданҳои худ мекунем ва саломатии имрӯзамонро бо изтиробҳо ва нигарониҳои бемаврид ба хатар меандозем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст