چاپ

Яке аз мардони Илоҳӣ рӯзе аз сарватманде пурсид: Дунёро дӯст дорӣ?

Сарватманд гуфт: Хеле зиёд.

Марди Худо пурсид: Барои ба даст овардани он кӯшиш мекунӣ?

Сарватманд гуфт: Бале.

Сипас марди Худо гуфт: Бо талош ба хостаҳоят расидаӣ?

Гуфт: Мутаассифона то кунун ба хостаҳоям нарасидаам.

Марди Худо гуфт: Ин дунёе, ки то кунун бо ҳамаи кӯшишҳоят онро ба даст наёвардаӣ пас читавр охирате, ки ҳаргиз талаб накарда ва барои расидан ба он накӯшидаӣ ба даст хоҳӣ овард?

بازدید: 1389