چاپ


Шаби арӯсии ҳазрати Фотима буд. Ӯ дар хона як пероҳани сода дошт. Падар барояш як пероҳани нав овард. Фотима ба он нигоҳ кард. Порчаи нарму латифе дошт. Онро канор гузошт то чанд лаҳза баъд бипӯшад. Ҳазрати Муҳаммад (с) ба ҳуҷраи мардҳо рафт. Ҳуҷраи Фотима наздики дари ҳавлӣ буд. Дар заданд.
Чӣ касе дар мезанад?
Як нафар дарро боз кунад.
Яке аз занҳо дарро боз кард. Зане бо садои шикастааш гуфт: Ман фақирам ва либос надорам, ки бипӯшам.
Фотима вақте садои зани фақирро шунид гӯшаи дари ҳуҷраро боз кард.
Зани фақир гуфт: Аз хонаи Расули Худо як либоси куҳна мехоҳам то ба тан кунам.
Дили Фотима ба ҳолаш хеле сӯхт. Нигоҳаш аввал ба пероҳани нав афтод, баъд ба пероҳани содае, ки дар танаш буд. Фикр кард кадомашро диҳад. Пероҳани нав барои арӯсиаш буд. Ёди ояе аз Қуръони Карим афтод, ки мегуфт: Ҳаргиз ба некӣ намерасед магар ин ки чизеро ки дӯст доред ба ниёзмандон бибахшед.
Фотима зуд пероҳани навро бардошт ва пушти дар рафту бо меҳрубонӣ онро ба зани фақир дод.
Зани фақир хандид. Чеҳраашро ба тарафи осмон намуду дуо кард. Баъд бо хушҳолии зиёд аз он ҷо рафт.
Вақте хабар ба ҳазрати Муҳаммад(с) ва ҳазрати Алӣ(к) расид онҳо ҳам аз кори ҳазрати Фотима хушҳол шуданд. Туле накашид, ки ҳазрати Ҷабраил(а) фариштаи бузурги Худо ба хонаи ҳазрати Муҳаммад(с)  омад.
Хона бӯи биҳишт гирифт. Ӯ пероҳани сабз ва зебое дар назди ҳазрат гузошт ва гуфт: Эй Расули Худо, Худованд ба ту салом расонд ва ба ман фармон дод,  ки ба Фотима салом бирасонам ва ин либоси сабзи биҳиштиро барои ӯ биёварам.
Вақте нигоҳи Фотима ба пероҳани сабзи биҳиштӣ афтод гиря кард. Атри биҳиштии пероҳан хеле зуд занҳоро ба ҳуҷраи ҳазрати Фотима(Дуруди Худо бар ӯ бод) кашонд.

بازدید: 1502