Подшоҳе бозе дошт, ки ба ӯ бисёр алоқаманд буд. Рӯзе аз вай бигрехту ба хонаи пиразане ,ки бар лаби танӯр ба кори нонпазӣ барои фарзандони худ саргарм буд, фуруд намуд. Пиразан ӯро бигирифту пояшро баст ва гуфт:Нохунҳои ту баланд шудаанд.

 

Онҳоро чиду сипас ба парҳои ӯ нигарист. Ба назараш дарҳаму ошуфта омад. Онҳоро ҳам кӯтоҳ кард.  

Гуфт: Ноаҳлон накардандат ба соз.

Пар фузуд аз ҳадду нохун шуд дароз.

Дасти ҳар ноаҳл беморат кунад.

Пеши мо дар он ки тиморат кунад.

Меҳри ҷоҳилон чунон дон, ай рафиқ.

Каж равад ҷоҳил ҳамеша дар тариқ.

Шоҳ ба думболи бози худ ҳамаро ҷустуҷӯ кард, ва ба хонаи пиразан расид бозро бадбахту парканда, нохун чидаю зору нолон миёни гарду хок дид.

Гуфт: Ҳар чанд ин сазои кори туст.

Ки набоши дар вафои мо дуруст.

Боз ба забони безабонӣ аз инки аз кохи шоҳ фирор карда ва бевафоӣ нишон додааст, узр мехост ва ба забони ҳол мегуфт: Ҳарчанд ман гунаҳгорам, аммо ба сазои худ расидаам. Нохуни шикору пари парвозро ҳам аз даст додам. Пушаймонам, меҳрубонии ту маро дубора соҳиби нохуну пар хоҳад кард.

Гарчи нохун рафт, чун боши маро.

Барканам ман парчами хуршедро.

В-арчи парам рафт, чун бинвозиам .

Чарх бозӣ кам кунад бо бозиам .

Охир аз пашша на кам бошад танам .

Мулки Намрудӣ ба пар бар ҳам занам.

Подшоҳ дил бар ӯ бисӯхту пушаймонии ӯро пазируфт ва навозишкунон ӯро ба хонаи худ бурд.

То нагиряд тифл, кай нӯшад лабан!

То нагиряд абр, кай хандад чаман!

Аз "Ҳикоёти Маснавии Маънавӣ"

Tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст