زنان پیامبر ص

1.Хадиҷа, аввалин издивоҷ.

Паёмбар(с) дар синни 25 солагӣ, понздаҳ сол пеш аз беъсат, бо Хадиҷа, ки чиҳил сола буд издивоҷ кард. Вай ба гуфтаи худи Паёмбар(с) беҳтарин зани Паёмбар(с) буд ва тамоми мол ва имконоти худро дар хидмат ба дини Паёмбар(с), дар ихтиёри Паёмбар(с) қарор дод ва бо вай, ошиқона зиндаги кард ва Паёмбар(с) бо вай ҳеҷ мушкиле надошт.

Хадиҷа дар соли даҳуми беъсат ва дар синни 65 солаги аз дунё гузашт ва Паёмбар(с) дар он замон, панҷоҳ сол дошт. Паёмбар(с) то Хадиҷа зинда буд, издивоҷ накард ва ҷуз аз Хадиҷа ва Морияи Қибтия соҳиби фарзанд нашуд. Дар замони ҷоҳилият, Хадиҷаро “Тоҳира” мегуфтанд ва Паёмбар(с) ба ӯ лақаби “Кубро” дод ва то поёни умри шарифашон, ҳамвора ӯро ба неки ёд мекард. Аз Оиша ривоят аст ки: Ҳаргоҳ Паёмбар(с) мехост аз хона хриҷ шавад, ба ёди Хадиҷа меафтод ва ӯро ба некӯи ёд мекард.

2.Суда.

Паёмбар(с) пас аз Хадиҷа, бо Суда (ки бева буд) издивоҷ кард. Суда бо ҳамсари аввалаш, ки писари амакиш буд, дар дуввумин ҳиҷрати тозаи мусалмонон ба Ҳабаша, ҳиҷрат карданд. Пас аз чанд моҳ аз бозгашт ба Макка, шавҳараш аз дунё рафт ва сипас бо Паёмбар(с) издивоҷ кард. Ӯ як сол аз Паёмбар(с) бузургтар буд ва ин издивоҷ як сол пеш аз ҳиҷрат сурат гирифт.

3.Оиша.

Ӯ духтари Абубакр буд ва дар ҳамон соли издивоҷи Паёмбар(с) бо Суда дар синни шаш солаги ба ақди Паёмбар(с) даромад ва дар соли дуввуми ҳиҷри дар Мадина, маросими аруси анҷом шуд.

Дар миёни занони Паёмбар(с), фақат Оиша буд, ки пеш аз издивоҷ бо Паёмбар(с) издивоҷ накарда буд.

4.Ҳафса;

Ӯ духтари Умар буд. Бо шавҳараш ба Мадина ҳиҷрат кард ва шавҳараш бар асари захми шудан дар ҷанги Уҳуд даргузашт. Пас аз он Паёмбар(с) аз Ҳафса хостгори кард ва ӯро ба зани гирифт.

5.Зайнаб :

Шавҳараш дар ҷанги Уҳуд шаҳид шуд. Баъд аз Ҳафса дар соли чаҳоруми ҳиҷри, ба издивоҷи Паёмбар(с) даромад ва пас аз ду ё се моҳ, дар ҳаёти Паёмбар(с), аз дунё гузашт.

6.Рамла (умми Ҳабиба):

Ӯ духтари Абусуфиён буд. Бо шавҳараш ба ҳамроҳи мусалмонон ба Ҳабаша ҳиҷрат кард ва дар онҷо соҳиби духтаре ба номи Ҳабиба шуд. Аз он пас ба ӯ кунияи “умми Ҳабиба” доданд. Дар Ҳабаша, шавҳараш насрони шуд ва дар онҷо фавт кард. Ғурбат ва масеҳи шудани шавҳараш ӯро ранҷ медод то онки Паёмбар(с) ба Наҷоши нома навишт ва аз роҳи дур аз ӯ хостгори кард ва пас аз бозгаштат ба Ҳабаша дар соли ҳафтуми ҳиҷрат бо ӯ издивоҷ кард.

7.Ҳинд, духтари Ҳузайфа (умми Салама):

Шавҳари ӯ Абусалама дусти Паёмбар(с) буд ва дар соли дуввуми ҳиҷри замоне, ки Паёмбар(с) барои дастёби ба корвони Қурайш ба сарпарастии Абусуфиён аз Мадина хориҷ шуданд вай ҷонишини Паёмбар(с) дар Мадина буд. Ӯ аз ҳиҷраткунандагон ба Ҳабаша буд. Пас аз бозгашт аз Ҳабаша ба Макка, ба танҳоӣ ба Мадина ҳиҷрат кард ва ҳамсараш умми Салама, як сол баъд ба Мадина ҳиҷрат кард ва ба шавҳараш пайваст. Онҳо соҳиби ду писар ба номҳои: Салама ва Умар ва ду духтар ба номҳои: Дурра ва Зайнаб буданд. Паёмбар(с) бо ӯ дар ҳоле, ки чаҳор фарзанди ятим дошт издивоҷ кард. Умми Салама ҳамеша саъй дошт, ки ризояти Паёмбар(с)ро ба даст оварад. Ӯ то соли 62 ҳиҷри зинда буд ва охирин ҳамсари Паёмбар(с) буд ки аз дунё рафт.

8.Зайнаб, духтари Ҷаҳши Асади:

Ӯ духтар аммаи Паёмбар(с) буд, ки ба дастури Паёмбар(с) ба издивоҷи Зайд ибни Ҳориса даромад. Зайд ғуломе буд, ки Паёмбар(с) ӯро озод кард ва сипас ба фарзанди пазируфт. Зайд ва Зайнаб ба далоили шахсияти ва қабилаи натавонистанд зиндагии бо ҳамро идома бидиҳанд ва Зайд пас аз сездаҳ сол зиндагии бо ҳам, Зайнабро талоқ дод. Вақте, ки иддаи Зайнаб тамом шуд, Паёмбар(с) ба фармони илоҳӣ, бо ӯ издивоҷ кард ва пас аз он суннати ҷоҳили шикаст ва издивоҷ бо ҳамсари писархонда ҷоиз шуд. Албатта дар ин достон ояти ҳиҷоб низ нозил шуд.

Гуфтаи аст, ки Зайнаб, аввалин зан аз занони Паёмбар(с) буд, ки пас аз реҳлати ишон, аз дунё рафт.

9. Ҷувайрия:

Дар набарди Паёмбар(с) бо бани Мусталиқ, асир ва шавҳараш кушта шуд. Дар тақсими ғаниматҳо саҳми Собит ибни Қайс шуд ва бо вай қарор гузошт дар қиболи пардохти пули муайяне, озод шавад. Ҷувайрия барои пардохти пул назди Паёмбар(с) омад. Паёмбар(с) пули ӯро дод ва озодаш кард ва сипас ба издивоҷи Паёмбар(с) даромад.

Вақте ин хабар ба мусалмонон расид, онҳо ҳудуди сад асири қабилаи бани Мусталиқро озод карданд.

10.Сафия:

Дар фатҳи Хайбар, ӯ ба асорати Паёмбар(с) даромад ва шавҳари дуввумаш кушта шуд. Паёмбар(с) ӯро озод кард ва байни мондан дар Хайбар ва яҳуди монад ваё ислом овардан ва ҳамсарии Паёмбар(с) мухайяр (ба ихтиёри худ гузоштанд, ки кадом роҳро интихоб кунад) кард. Ӯ ислом овард ва бо Паёмбар(с) издивоҷ кард ва ба баракати он байни яҳудиён ва мусалмонон ошти ва дусти барқарор шуд. Асирони яҳуди, озод шуданд ва бисёре аз яҳудиён ба пазириши ислом, тарғиб шуданд ва мусалмонон ризоят доданд, ки аҳли Хайбар дар онҷо бимонанд ва кишварзи Хайбарро ба уҳда бигиранд.

Сафия зани бо адаб ва доное буд ва ба Паёмбар(с) муҳаббат дошт ва дар нақл аст, ки дар вақти эҳтизор беш аз дигарон ашк рехт.

11.Морияи Қибтия:

Ӯ ва хоҳарашро ҳокими Искандария, дар ҷавоб ба номаи Паёмбар(с) (даъват ба ислом) ба унвони ҳадя барои Паёмбар(с) фиристод. Онҳо дар соли ҳаштуми ҳиҷри ба Мадина расиданд ва Паёмбар(с) хоҳари Морияро ба Ҳассон ибни Собит дод ва худи Мория канизи Паёмбар(с) шуд ва баъдан исломро пазируфт ва бо Паёмбар(с) издивоҷ кард. Хонаи ӯ монанди ҳамсарони дигар Паёмбар(с) дар наздикии масҷид набуд, балки дар боғе дар атрофи Мадина ҷой дошт. Паёмбар(с) ӯро бсиёр дуст медошт ва монанди ҳамсарони дигараш ба манзили ӯ мерафт.

Паёмбар(с) баъд аз Хадиҷа, фақат аз Мория соҳиби фарзанди писаре ба номи Иброҳим шуд, ки чанд моҳ қабл аз шаҳодати Паёмбар(с) дар 16 ё 18 моҳаги аз дунё рафт; бархе аз мардум, ки мегуфтанд Паёмбар(с) соҳиби фарзанди писар намешавадро собит кард.

12.Маймуна:

Як сол баъд аз сулҳи Ҳудайбия тибқи қарордод бо мушрикони Макка, Паёмбар(с) ва ду ҳазор аз мусалмонон ҳамроҳи ӯ, се рӯз, ҷиҳати ба ҷой овардани ҳаҷҷи умра, дар Макка иқомат доштанд. Шукуҳ ва азамати мусалмонон асари аҷибе дар руҳияи мардуми Макка гузошт, аз ҷумла боис шуд Маймуна (ки бевазан буд) худро ба Паёмбар(с) бахшад ва ба сурати ифтихори бо Паёмбар(с) издивоҷ кунад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст