Баҳор, фурсатест барои тафаккур дар розу рамзи офариниш ва андешидан дар мақом ва ҷойгоҳи баҳор аз назари дин. Дар кишвари мо наврӯзро ҷашн мегиранд. Ҳузури сабзи баҳорро ба ҳамдигар табрик мегӯянд. Оё чунин рӯзе аз назари Ислом, ид аст? Ва рафтори мусулмонон дар ин рӯз чигуна бояд бошад?

Дар ин фурсат қасд дорем, ки ба навнигарии ин мавзӯъ бипардозем. Гушаву канори онро аз назари дини Ислом ва пешвоёни дин ба баҳсу баррасӣ қарор диҳем.

Наврӯз пеш аз Ислом:

Пеш аз Ислом нахустин рӯзи баҳорро ид ва ҷашни миллӣ ба шумор меоварданд. Аз он ба “иди бостонӣ” ёд мекунанд. Ба ақидаи баъзеҳо нахустин касе, ки аз “наврӯз” таҷлил кард, ва он рӯзро иди миллӣ шуморид, Ҷамшед буд. Ҷамшед бар саросари ҷаҳон пирӯзи ёфта буд ва сарзамини Форсро обод кард. Асбоби корҳо ва умур, дар наврӯз барои ӯ пурра ва комил гашт. Аз инрӯ ин рӯз, оғози соли аҷам гардид.

Бинобар ривояте аз Имом Ҷаъфари Содиқ(а): наврӯз, рӯзест, ки Худои Карим аз бандагонаш паймон гирифт, ки танҳо Худои Якторо бипарастанд ва барои ӯ ҳамто қарор надиҳанд ва имон ба расулон ва ҳуҷҷатҳои Худои Раҳмон ва ... биёранд. Рӯзе аст, ки киштии Нӯҳ (а) ба кӯҳи Ҷудди нишаст ...). ва ҳамчунин аз он ҳазрат нақл шудааст, ки фармуданд: наврӯз ҳамон рӯзест, ки ҳазрати Иброҳими Халил(а) бутҳои қавмашро, ки дар он рӯз барои ширкат дар маросими ҷашне аз шаҳрашон берун рафта буданд – шикаст. Маҷусиён низ аз қадим ба наврӯз аҳамият медоданд. Дар он рӯз ба ҳамдигар табрик мегӯфтанд ва барои ҳамдигар ҳадя мефиристоданд. Ҳамчунин гуфтаанд: дар асри хилофати Амирал муъминин Али(к) маҷусиён дар чанд зарфи нуқраи, ки дар онҳо “шакар” рехта буданд, дар наврӯз барои он ҳазрат ҳадя карданд. Ҳазрати Алӣ(а) онҳоро пазируфтанд ва “шакар”-ҳоро байни ёрони худ тақсим карданд. Он зарфҳоро ба ҷои ҷизия (молиёти он қавм) қабул карданд. Бар асоси ҳамон ривоят Имом Ҷаъфари Содиқ(а) аз ин ҳодиса шигифтзада шуданд, ҳазорҳо нафар аз бани Исроил пеш аз Ислом- ба фармони Худои Мутаол, ки дар ояти 243 сураи Бақара, ба он ишора карда шудааст- дар наврӯз пеш омадааст, ки дар яке аз шаҳрҳои Шом ба хотири паҳн шудани бемории тоъун бисёри аз мардум мурданд. Ин бемори дар ҳақиқат муҷозоте аз тарафи Худои Азиз барои онҳо буд. Зеро раҳбари Илоҳияшон онҳоро бар ҷанги бо душман фаро хонда буд. Вале онҳо сарпечӣ карда буданд. Дар ин миён ҳазорон нафар бар асоси қисмате аз ривоят ( даҳ ҳазор ё ҳафтод ҳазор ё ҳаштод ҳазор) бо баҳонаи гурехтан аз бемории тоун аз шаҳр берун рафтанд. Пас аз гурехтан дар худашон эҳсоси қудрат ва озодӣ намуданд. Бо нодида гирифтани хости Худо ва чашм духтан ба сабабҳои табиат дучори ғурур шуданд. Худои Карим онҳоро низ дар ҳамон биёбон бо ҳамон бемори нобудашон сохт. Солҳои зиёде гузашт ва ҳазрати Хизр (а)- яке аз пайғамбарони бани Исроил- аз он макон мегузаштанд. Ба даргоҳи Худои Карим дуо карданд, ки онҳоро зинда кунад, Худои Карим дуои ӯро қабул кард. Он рӯзе ки онҳо зинда шуданд, наврӯз буд. Аз ҷамъи ин матолиб ба даст меояд, ки наврӯз пеш аз Ислом, рӯзи боэҳтиром ва махсусе буд ва бо вуҷуд доштани чунин руйдодҳо дар он рӯз, ки одатан мусбат будаанд ба аҳамият ва шуҳрати он афзуда шуд.

Некудошти Наврӯз пас аз омадани дини Ислом:

Пас аз Ислом низ бо баёни қисмати аз ривояте аз ин рӯз таҷлил шудааст. Ҳамчунин рух додани руйдодҳои муҳим сабаби афзоиши азамат ва эҳтиром он шудааст. Дар ҳадиси (Муалло ибни Ханис) аз Имом Ҷаъфари Содиқ(а) ба чанд руйдоди бузурге дар наврӯз, баъд аз омадани дини Ислом ишора шудааст. Аз ҷумла фармуд:

Наврӯз рӯзест, ки:

1-Ҷабраил бар Паёмбар(с) нозил шуд;

2-Паёмбар (с), Алӣ (к)-ро ба души худ гирифт, то Алӣ(к) бутҳои қавми Қурайшро аз болои хонаи Каъба ба поён рехтанд. Ҳамчунин ҳазрати Иброҳим(а) дар чунин рӯзе бутҳои қавми худашро шикастанд.

3- Паёмбар (с) Алӣ(к)-ро ба (водии Ҷинниён) фиристоданд то аз онҳо дар бораи пазириши Ислом ва Паёмбар(с) байат бигиранд.

4- Дар чунин рӯзе Алӣ(к) дар асри хилофаташ дар ҷанги Наҳравон бар Хавориҷ пирӯз шуд ва Мухдаҷ Зусадия (раиси хавориҷ) –ро кушт.... Чунон, ки дар гуфтаи боло омад падидор шудани чанд рухдоди бисёр бузург, пас аз зуҳури Ислом сабаби азамат ва нигоҳдории наврӯз шудааст.

(валлоҳу аълам бисавоб).

Таҳияаи Нур

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст