چاپ

 

 

 

 

Луқмони ҳаким, ғуломи сиёҳе буд, ки дар сарзамини Судон чашм ба ҷаҳон гушуд. Гарчи ӯ чеҳраи сиёҳ ва нозебо дошт, вале аз дили равшан, фикри боз ва имоне устувор бархурдор буд. Ӯ ки дар оғози ҷавони бардае мамлук буд, ба далели ҳуши аҷиб ва ҳикмати васеаш озод шуд ва ҳар рӯз мақомаш авҷ гирифт то шуҳраи офоқ шуд.

Ӯ марде амин буд, чашм аз ҳаром фуру мебаст, аз адои ҳарфи носазо ва бемаврид парҳез мекард ва ҳеҷгоҳ домани худро ба гуноҳ наёлуд ва ҳамвора дар умури зиндаги шарти иффат ва ихлосро риоят мекард.

Вақтҳои фароғати худро ба сукут ва тафаккур дар умури ҷаҳон ва ва маърифати Ҳақ Таоло мегузаронад ва барои гузарондани умури зиндаги ба ҳарфи хаёти(чевари) ваё дуругари машғул буд. (Баъзе гуянд Луқмон бандае буд ҳабаши ки аз роҳи шабони маъишати худро мегузаронд.)

Луқмон аз хандаи бемаврид ва масхараи дигарон парҳез мекард ва ҳеҷгоҳ иродаи худро таслими хашм ва ҳавои нафс намекард. Аз комёби дар дунё мағрур ва аз нокоми андуҳгин намешуд ва сабр ва шикебоии ӯ ба ҳадде буд, ки бо аз даст додани чанд фарзанд, аз сари забуни дидакони худро ба сиришки ғам наёлуд.

Дар ислоҳи умури мардум ва ҳалли низоъ ва мурофиаи онҳо саъйи вофир дошт ва ҳаргиз ба ду касе, ки бо якдигар душмани ва мунозиа (даъво) ё мақотила доштанд нагузошт, магар онки дар миёни ишон ислоҳ кард. Бештари вақти худро дар ҳамнишини бо фуқаҳо ва донишмандон ва подшоҳон мегузаронд ва масулияти хатири онҳоро гушзад мекард ва онҳоро аз кибр ва ғурур барҳазар медошт ва худ низ аз аҳволи ишон ибрати мегирифт.

Дар ин шароит буд, ки Луқмон шоистаи пушидани ҷомаи ҳикмат шуд ва сипас дар нимрӯзи гарм, ки мардум дар хоби қайлула буданд ҷамъе аз фариштагон, ки Луқмон қодир ба дидани онҳо набуд, назари Луқмонро дар мавриди хилофат ва пайғамбари Худо ҷуё шуданд.

Луқмон дар ҷавоби фариштагон гуфт: Агар Худои Мутаол маро ба қабули ин амри хатир амр кунад, фармони ӯро бо дидаи миннат хоҳам пазируфт ва умед ва яқин дорам, ки дар он сурат ӯ маро дар ин кор ёри хоҳад кард ва илму ҳикмате ки лозими ин вазифа бошад ба ман ато хоҳад кард ва маро аз хато ва иштибоҳ ҳифз мекунад, вале агар ихтиёри рад ё қабули ин амр бо ман бошад, аз пазириши ин масулияти бузург узр хоҳам хост ва офиятро ихтиёр мекунам.

Чун фариштагон иллати напазируфтани Луқмон аз пазириши ин масулиятро ҷуё шуданд, Луқмон гуфт: Ҳукумат бар мардум агар чи манзилате азим дорад, вале коре бас душвор аст ва дар ҷавониби он фитнаҳо ва балоҳо ва лағзишҳо ва торикиҳое бекароне вуҷуд дорад, ки ҳар касро Худо ба худ вогузорад гирифтори он шавад ва аз сироти мустақим ва роҳи растгори мунҳариф гардад ва ҳар кас аз онҳо бираҳад ба фалоҳ ва растгори ноил хоҳад шуд.

Хори ва гумномии дунё дар баробари иззат ва бузургвории охират гуворо аст вале агар ҳадафи касе ҷоҳ ва ҷалоли дуняви бошад, дунё ва охират ҳар дуро аз каф хоҳад дод, зеро иззат ва неъмати дунё муваққат ва ория аст ва чунин касе ба неъмат ва иззати ҷовидони охират низ даст нахоҳад ёфт.

Фариштагон, ки ба ақли саршори Луқмон пай бурданд ӯро таҳсин карданд ва Худои Таоло ӯро мавриди лутф ва иноят қарор дод ва сарчашмаи ҳикмати худро бар Луқмон равон сохт то сели ҳикмат ва нуру марифат бар забону баёни Луқмон ҷори гардад ва ташнагони ҳақиқатро дар хури истеъдодашон аз зулоли маърифат ва ҳикмати худ сероб созад ва дар ин миён фарзанди буруманди Луқмон, ки назари падарро ба худ маътуф дошта буд, бештар мавриди хитоби ӯ қарор мегирифт гарчи насоеҳи Луқмон бештар ҷанбаи умуми дошт.

بازدید: 5554