1.Ҳамди Худои Субҳон дар оғози панҷ сураи Қуръон омадааст:

1. Сураи Ҳамд: الحمد لله رب العالمين

2. Сураи Анъом: الحمد لله الذى خلق السموات و الاءرض و جعل الظلمات و النور

3. Сураи Каҳф: الحمد لله الذى اءنزل على عبده الكتاب

4. Сураи Сабоъ: الحمد لله الذى له ما فى السموات و ما فى الارض

5. Сураи Фотир: الحمد لله فاطر السموات و الاءرض

Он чи дар сураи муборакаи Ҳамд омадааст, ҷомеътарини онҳост, зеро калимаи العالمين шомили олами таквин(олами осмонҳо ва замин ва олами муҷаррадот ва моддиёт ) ва олами ташриъ ва тадвин мешавад.

2.Нотавонии мутанаъъимон аз адои ҳаққи шукри Зоти Ақдаси илоҳӣ аз бузургтарин неъматҳои худовандӣ ва ба баёни Имоми Саҷҷод (алайхиссалом) фавзу фалоҳ аст:

يا من ذكره شرف للذاكرين و يا من شكره فوز للشاكرين

Ва мутанаъъимон аз шукру сипоси ин фавз оҷизанд, зеро ҳар ҳамде, ҳамди дигар металабад ва ҳар шукре, лузуми шукри дигарро дар пай дорад:

فكيف لى بتحصيل الشكر و شكرى اياك يفتقر الى شكر فكلما قلت لك الحمد وجب على لذلك اءن اءقول لك الحمد

Бинобар ин, шукри шокир, худ баҳрамандӣ аз неъмат аст, на адои ҳақ.

Аз ин рӯ, Қуръони Карим дар табйини ҳикмати Луқмони Ҳаким мефармояд: шукри Худо неъматест, ки насиби шокир мешвад, ҳамонгуна ки зиёни куфри кофирон, танҳо домангири худи онҳо аст:

و لقد اتينا لقمان الحكمة اءن اشكر لله و من يشكر فانما يشكر لنفسه و من كفر فان الله غنى حميد

Ҷумлаи فان الله غنى حميد дар зери оят, ба манзалаи таълил барои ҳар ду муддаост, на шукри шокирон барои Худо судманд ва на куфри кофирон барои ӯ зиёнбор аст, зеро Худо аз ҳар чизе бениёз ва маҳмуд биззот аст ва маҳмуд биззот, на ниёзманди шукри ҳомид аст ва на куфри кофир ба ӯ осебе мерасонад ва лозим аст ба нуктае инояти комил шавад, ки чун Худованд ҳастии маҳз ва ғании сирф аст, аз ҳар чизе, ҳатто аз худаш бениёз аст, зеро агар муҳтоҷ ба худ бошад ва бо кӯшиши худ ниёзи худро бартараф кунад, ғанӣ биззот нахоҳад буд. Аз ин рӯ ҳазрати Сайидушшуҳадо(алайхиссалом) дар дуои “Арафа” ба Худо арз мекунад:

. الهى ... انت الغنى بذاتك ان يصل اليك النفع منك فكيف لا تكون غنيا عنى

tasnimtj.com
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст