Ин сура дар Макка нозил шуда ва 8 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1 Оё мо синаи туро кушода насохтем,
2 Ва бори вазнини туро аз ту барнадоштем?!
3 Ҳамон боре, ки сахт бар пушти ту вазнинӣ мекард.
4 Ва овозаи туро бланд сохтем.
5 Ба яқин бо (ҳар) сахтӣ осонӣ аст,
6 (Оре) ҳатман бо (ҳар) сахтие осонӣ аст.
7 Пас ҳаногме, ки аз кори муҳимме фориғ мешавӣ ба (кори) миҳимми дигаре бипардоз,
8 Ва ба сӯи Парвардигорат тавҷҷӯҳ кун.
yosin.tj