Ин сура дар Макка нозил шуда ва 30 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Қасам ба сапедадам,

2 Ва ба шабҳои даҳгона,

3  Ва ба дугона ва ягона,

4 Ва ба шаб, ҳангоме, ки (ба сӯи равшании рӯз), ҳаракат мекунад, қасам, (ки Парвардигорат дар камини золимон аст).

5 Оё дар он чӣ гуфта шуд, қасами муҳимме барои соҳиби хирад нест?!

6 Оё надидӣ Парвардигорат бо қавми «Од» чӣ кард?!

7 Ва бо он шаҳри «Ирам»-и бо азамат,

8   Ҳамон шаҳре, ки монандаш дар шаҳрҳо офарида нашуда буд.

9 Ва қавми «Самуд» , ки сахраҳои азимро аз (канори) дарра мебуриданд (ва аз он хона ва кох месохтанд).

10  Ва Фиръавне, ки қудратманд ва шиканҷагар буд,

11 Ҳамон қавмҳое, ки дар шаҳрҳо саркашӣ карданд,

12  Ва фасоди фаровон дар онҳо ба бор оварданд.

13 Ба ҳамин сабаб Худованд тозиёнаи азобро ба онҳо фурў рехт.

14  Ба яқин Парвардигори ту дар камингоҳи (ситамгарон) аст.

15 Аммо инсон ҳангоме, ки Парвардигораш ӯро барои озмоиш икром мекунад ва неъмат мебахшад, (мағрур мешавад ва) мегӯяд: «Парвардигорам маро гироми доштааст».

16  Ва аммо ҳангоме ки барои имтиҳон, рӯзияшро бар ӯ танг мегирад, (ноумед мешавад ва) мегӯяд: «Парвардигорам маро хор кардааст».

17  Чунон нест, (ки шумо мепиндоред), шумо ятомонро гиромӣ намедоред,

18 Ва якдигарро ба таъом додани мустамандон ташвиқ намекунед,

19  Ва меросро (аз роҳи шаръӣ ва ғайри шаръӣ) ҷамъ карда мехўред,

20   Ва молу сарватро бисёр дӯст доред (ва ба хотири он гуноҳони зиёде анҷом медиҳед).

21  Чунон нест, (ки онҳо мепиндоранд). Дар он ҳангом, ки замин сахт дарҳам кўбида шавад,

22   Ва фармони Парвардигорат фаро расад ва фариштагон саф дар саф ҳозир шаванд,

23  Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир мекунанд. (Оре) дар он рӯз инсон мутазаккир мешавад, аммо ин тазаккур чӣ суде барои ӯ дорад?!

24  Мегӯяд: «Эй кош барои (ин) зиндагиам, чизе аз пеш фиристода будам!».

25   Дар он рӯз ҳеҷ кас монанди ӯ (Худо) азоб намекунад,

26  Ва ҳеҷ кас ҳам чун ӯ касеро ба банд намекашад.

27  Ту эй рўҳи ором ёфта!

28  Ба сӯи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле, ки ҳам ту аз Ў хушнудӣ ва ҳам Ў аз ту хушнуд аст,

29  Пас дар роҳи бандагонам дарой,

30   Ва дар биҳиштам дохил шав!

yosin.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст