چاپ


Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Эй вой бар ман, эй кош хок будам, на одам!


Ҳар вақт инсон кори иштибоҳи кунад ки зарару зиёни бароияш дошта бошад, агар муқасир бошад худро сарзаниш мекунад. андоза ва миқдори хасорате ки барояш омада зиёд бошад бештар хуро маломат мекунад, ки чаро тадбири дуруст накардааст. Агар ин зиён қобили ҷуброн бошад ва аз роҳи дигари битавонад ҷубронаш кунад хеле нороҳат намешавад, вале агар ҳеҷ роҳи барои ҷубронаш набошад наметавнад худро бибахшад, ва нафси маломатгараш ҳамеша ӯро маломат мекунад.

Ин вижаги инсон дар дунё танҳо нест, дар қиёмат ва дар зиндагӣ пас аз марг низ орзӯ мекунад эй кош чунин кориро намекард! Орзӯ мекунад ки эй кош дар интихоби дӯст диқат мекард, ва дар хеле аз чизҳои дигар, гоҳе орзӯ мекунад эй кош инсон набуд, чизе дигаре буд!

Қуръон чанд маврид аз орзӯҳои инсон дар зиндагии дунё ва дар ҷойҳое ки ба дастури Худо амал накардааст, ё пас аз марг, вақте мебинад, ки азобҳои сахте дар пеши рӯй дорад, орзӯ мекунад; эй кош чунин намешуд ва ӯ бадбахту бечора намешуд, вале чи суд, ки дер шуд ва роҳе барои ҷуброн нест. Дар инҷо чанд маврид аз онҳоро, ки дар Қуръон омадааст, меоварем.

  1. Касоне, ки носипосии Худоро мекунанд ва бар ҳақиқат кофир мешаванд, дар рӯзи қиёмат вақте азоби Парвардигорро мебинад мегӯянд:

«...يَوْمَ يَنْظُرُ الْمَرْءُ ما قَدَّمَتْ يَداهُ وَ يَقُولُ الْكافِرُ يا لَيْتَنِي كُنْتُ تُراباً»

"Рӯзе, ки инсон он чиро аз пеш фиристодааст, бингарад ва кофир гӯяд: «Эй кош ман хок будам!»" (Сураи Набаъ, ояти 40)

Вақте аъмоли бади худро мебинад ва дар маҳкамаи Худованд ҳамаи онҳо ҳозир мешаванд ва бар зидаш шаҳодат медаҳанд, инсон чунин орзӯ мекунад, ки эй кош асосан инсон набуд ва хок буд ва ин рӯзро намедид.

  1. Дар ҷои дигар инсон аз корҳои накарда ва фурсатҳои ки барояш вуҷуд дошт ва аз онҳо истифода накард бисёр афсус мехӯрад, ки чаро гӯш накардааст ва ба дасуроти динӣ пойбанд набудааст, то барои охирати худ чизе мефиристод ва аз ин ҳама бечорагӣ наҷот пайдо мекард. Чунон ки дар Қуръони Карим омадааст:

«يَقُولُ يا لَيْتَنِي قَدَّمْتُ لِحَياتِي»

"Мегӯяд: «Эй кош ман барои зиндагиям [чизе] аз пеш мефиристодам!»" (Сураи Фаҷр, ояти 24).

 Оятҳое, ки пеш аз ин оят омадааст мегӯянд: Вале чи суд ва фойда? ин ғуса хӯрдан дигар дер шудааст ва мебойст қаблан меандешидед.

  1. Дар ҷои дигар мегӯяд инсон аз ин ки китоб ва нома амалҳояш ба дасташ дода мешавад, ки дар он ҳамаи зиндагияш сабт ва навишта шудааст, ин орзӯро мекунад, ки эй кош номааш ба ӯ дода намешуд!

«وَ أَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتابَهُ بِشِمالِهِ فَيَقُولُ يا لَيْتَنِي لَمْ أُوتَ كِتابِيَه»

 "Ва аммо, касе, ки нома[-и аъмол]-аш ба дасти чапаш дода шавад, пас, гӯяд: «Эй кош, номаи [аъмоли] ман дода намешуд;" (Сураи Алҳоққа, ояти25).

 Яъне вақте номаи аъмолаш ба ӯ дода мешавад аз нангу шармсорие, ки дар вуҷудаш пайдо мешавад, бар забонаш ҷорӣ мешавад ва орзӯ мекунад; эй кош ин лаккаи нангро надошт. Яъне аъмоли инсон хуб ё бад бошанд, баёнгари шахсияти инсон ҳастанд, хуб бошанд инсон бо онҳо ифтихор мекунад ва бад бошанд эҳсоси шармсорӣ ва сарафкандагӣ мекунад.

  1. Вақте ки инсон азобро мебинад, ногаҳон ба ёди дӯстон ва рафиқонаш ки ӯро ба роҳи бад бурданд ва боиси бадбахтӣ ва гирифторияш шуданд, орзӯ мекунад, ки эй кош касонеро, ки ӯро гумроҳ карданд, дӯст интихоб намекард!

«يا وَيْلَتى‏ لَيْتَنِي لَمْ أَتَّخِذْ فُلاناً خَلِيلاً»

  Эй вой бар ман! Эй кош, ман фалониро дӯст намегирифтам.

Сабаби гумроҳиро дӯсташ, ки ӯро ба бадӣ даъват мекард, медонад ва барои интихоби иштибоҳаш худро сарзаниш мекунад, ки дар ояти бъдӣ омадааст:

 «لَقَدْ أَضَلَّنِي عَنِ الذِّكْرِ بَعْدَ إِذْ جاءَنِي»

"Ба таҳқиқ, [ӯ] маро аз панд баъд аз он ки ба сӯи ман омад, гумроҳ кард» (Сураи Фурқон, ояти28)

Вақте барои инсон панд ва насиҳате аз тарафи афроди мӯъмин мешавад, дӯстонаш ӯро аз роҳи ҳақ ва дуруст манъ мекунанд, бо масхара кардан ва суханони гумроҳкуананда инсонро аз роҳи ҳақ дур мекунанд.

  1. Аз ин ки инсон ба роҳи инсонҳои хуб нарафтааст ва суханони Пайғамбарон (а) ва касоне, ки сухани Худоро ба мардум мерасонад гӯш фаро надодааст, нороҳат аст ва орзӯ мекунад, ки суханон ва мавъизаҳои онҳоро, ки ба суӣ Худо даъват мекунанд ва роҳеро, ки онҳо дар пеш гирифтаанд, мерафтанд:

  «وَ يَوْمَ يَعَضُّ الظَّالِمُ عَلى‏ يَدَيْهِ يَقُولُ يا لَيْتَنِي اتَّخَذْتُ مَعَ الرَّسُولِ سَبِيلاً»

"Ва рӯзе, ки ситамгар дасташро мегазад, мегӯяд: «Эй кош ман ҳамроҳи Паёмбар роҳеро [пеш] мегирифтам;" (Сураи Фурқон, ояти27)

Ин гурӯҳ ҳамон золимоне ҳастанд, ки дар муқобили роҳи Худо роҳ, дин ва равиши дигареро барои зиндагии башар пешнаҳод мекарданд ва дар муқобили роҳи ҳақ меистоданд.

  1. Дар мавриди дигар инсонҳое ҳастанд, ки вақте барои онҳо Пайғамбар ва фиристодагони Худо омаданд ва гуфтанд: Худоро ибодат ва манро итоат кунед, вале ин афрод ба сухани онҳо гӯш фаро ндоданд, рӯзи қиёмат ба ин нофармонии худ афсус мехӯранд:

 «يَوْمَ تُقَلَّبُ وُجُوهُهُمْ فِي النَّارِ يَقُولُونَ يا لَيْتَنا أَطَعْنَا اللَّهَ وَ أَطَعْنَا الرَّسُولا»

"Рӯзе, ки чеҳраҳояшон дар оташ дигаргун шавад, мегӯянд: «Эй кош мо Худоро итоат карда будем; ва Паёмбарро итоат карда будем»." (Сураи Аҳзоб, ояти 66)

۷. Яке дигар аз орзӯҳои онҳо ин аст, ки эй  кош мӯъмин будам, то имрӯз ҳам дар сафи мӯъминон будам!  Орзӯ мекунанд, ки ба дунё баргарданд ва мӯъмин бошанд, онҳо касоне ҳастанд, ки оятҳои Худоро дуруғ мегуфтанд:

«وَ لَوْ تَرى‏ إِذْ وُقِفُوا عَلَى النَّارِ فَقالُوا يا لَيْتَنا نُرَدُّ وَ لا نُكَذِّبَ بِآياتِ رَبِّنا وَ نَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ»

"Ва агар онҳоро, ҳангоме, ки дар канори оташ боз дошта шаванд бибинӣ, пас, гӯянд: «Эй кош мо бозгардонида мешудем ва оятҳои Парвардигорамонро дурӯғ намешуморидем ва аз мӯъминон мебудем." (Сураи Анъом, ояти 27)

Вале Худованд посух медаҳад ки инҳо дар орзӯшон ҳам дӯрӯғ мегӯянд, агар қарор бошад ки бар гарданд боз ҳам ба ҳамон раваиши худ амал мекунанд, яъне такзиби оятҳои Худоро дар пеш мегиранд:

 «بَلْ بَدا لَهُمْ ما كانُوا يُخْفُونَ مِنْ قَبْلُ وَ لَوْ رُدُّوا لَعادُوا لِما نُهُوا عَنْهُ وَ إِنَّهُمْ لَكاذِبُونَ»

"Балки он чиро аз пеш пинҳон мекарданд, барояшон ошкор шуд; ва агар [ба дунё] бозгардонида шаванд, қатъан ба он чи аз он наҳй шуда буданд бар мегарданд; ва ба яқин онон дурӯғгӯ ҳастанд." (Сураи Анъом, ояти 28)

Пушаймонӣ дар дунё

Ин ду маврид аз ҷойҳое ки Қуръон онҳоро ёдовар шудааст, дар дунё ва дар зиндагии рӯзмарраи инсонҳо итифоқ меафтад ва барои инсонҳо фурсатҳое пеш меояд, ки бисёр муҳиманд, вале ба онҳо таваҷҷӯҳ намекунад. Албата бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки иллати  пушаймонӣ ва афсус хӯрданашон ба хотири имон надошатан ба Худо ва қиёмат аст.

۸. Дар ҷои дигар касоне, ки барои Худо шариконе қойл шуданд ва ба ҷои ибодати Худо бутҳоро мепарастиданд, дар рӯзи қиёмат афсус мехӯранд ва орзӯ мекунанд, ки эй кош чунин намекарданд ва ҳеҷ чизро шарики Худо намекараданд:

«وَ أُحِيطَ بِثَمَرِهِ فَأَصْبَحَ يُقَلِّبُ كَفَّيْهِ عَلى‏ ما أَنْفَقَ فِيها وَ هِيَ خاوِيَةٌ عَلى‏ عُرُوشِها وَ يَقُولُ يا لَيْتَنِي لَمْ أُشْرِكْ بِرَبِّي أَحَداً»

"Ва меваҳояшро [офат] фаро гирифт; ва субҳ кард, дар ҳоле ки ду дасти худро ба хотири он чи дар он [боғ] харҷ карда буд, мезад, -дар ҳоле ки он [боғ] бар пояҳояш фурӯ рехта буд- ва мегуфт: «Эй кош ман касеро бо Парвардигорам шарик қарор надода будам»." (Сураи Каҳф, ояти42)

  1. Касоне, ки дар мубориза бо золимон ва дар ҷанг муқобили ботил ширкат намекунанд ва худро бетараф мегиранд, замоне ки мӯъминон пирӯз мешаванд ва дар назди Худо ва расулаш афроди муҳтарам мешаванд, дар инҷост ки онҳо орзӯ мекунанд, ки эй кош дар ин ҷанг ва мубориза ҳалйҳи ботил буданд ва саҳме аз он мебурданд:

 «يا لَيْتَنِي كُنْتُ مَعَهُمْ فَأَفُوزَ فَوْزاً عَظِيماً»

«Эй кош ман бо онҳо будам ва ба комёбии бузург ноил мешудам». (Cураи Нисо, ояти 73).

Натиҷа

Чи беҳтар аст, ки инсон ба ин оятҳо таваҷҷӯҳ кунад ва он пушаймониеро, ки дар рӯзи қиёмат ба суроғаш меояд, дар ин дунё ҷуборон кунад, ки вақте азобро дид аз инсон будани худ шармсор набошад. Дар дунё дар сафи кофирон, мунофиқон ва золимону ситамгарон набошад, барои ин ки аз душманони дин чизе бар ӯ мерасад, дар муқобили мӯъминон наистад, балки дар ҳамин дунё бо мӯъминон ва дӯстони Худо бошад, ки пушймон нашавад.

Итоат аз Худо кунад на аз шайтон, Худоро ибодат кунад ва барои Ӯ касеро шарик қарор надиҳад. Дар дунё шароити тоату ибодат фароҳам аст, чаро намекунед, вале имрӯз ғӯса мехӯред? Ин оятҳоро дар воқеъ дар инҷо барои он баҳс кардем, ки аз ёдамон наравад, ки пеш аз пушаймон шудан роҳро бидонем. Чаро оқил кунад коре, ки орад барояш пушамонӣ? Орзӯро ба қиёмат наберем, худро дар инҷо ислоҳ кунем, то аз ҷумлаи касоне, ки пушаймон мешаванд дар он рӯз, набошем.

 

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 1386