شرح کوتاه دعای روز بیست و یکم ماه مبارک رمضان
Моҳи Рамазон баҳори Қуръон ва имон аст. Дар ин моҳ тиловати Қуръон, дуо, намоз ва розу ниёз бо Худо, сер кардани гуруснагон ва кӯмак ба ниёзмандону дастгирӣ аз ятимон ва ҳар кори хайре чандин баробар савоби бештар дорад. Яке аз амалҳои мӯъминони рӯзадор хондани дуоҳои махсуси ин моҳ аст, ки пур аз масоили омузанда ва рушддиҳанда аст. Инак шарҳи кӯтоҳе аз дуои рӯзи бистуякуми моҳи мубораки Рамазон пешкаши шумо мегардад.
اللَّهُمَّ اجْعَلْ لِی فِیهِ إِلَی مَرْضَاتِک دَلِیلاً وَ لاَ تَجْعَلْ لِلشَّیطَانِ فِیهِ عَلَی سَبِیلاً وَ اجْعَلِ الْجَنَّةَ لِی مَنْزِلاً وَ مَقِیلاً یا قَاضِی حَوَائِجِ الطَّالِبِین
Эй Худо, дар ин моҳ маро ба сӯи ризо ва хушнудии худ роҳнамоӣ кун ва шайтонро бар ман мусаллат магардон ва биҳиштро манзил ва мақомам қарор деҳ, эй барорандаи ҳоҷоти толибон.
Дар қисмати аввали ин дуо мехонем ва аз Худо мехоҳем, ки
اللَّهُمَّ اجْعَلْ لِی فِیهِ إِلَی مَرْضَاتِک دَلِیلاً
Худоё, як роҳе барои ман бинамо, ки ту аз ман розӣ шавӣ.
Дар ҳадис омадааст, ки агар мехоҳед бидонед, ки оё Худо аз шумо розӣ ҳаст ё не, ба худат нигоҳ кун бубин, ки оё аз Худо розӣ ҳастӣ ё не? Агар ту аз Худо розӣ ҳастӣ Худо ҳам аз ту розӣ ҳаст ва агар розӣ нестӣ ва таҳи дилат эътироз дорӣ, ки чаро фалонӣ дорад ва ман надорам бидон, ки Худо ҳам аз ту розӣ нест. Бештари мо дар зиндагӣ ингуна ҳастем, ки мегӯем чаро Худо ба ман молу мақом ва... надода, вале ба фалонӣ додааст!?
Дар ривоят мехонем, ки «انتم کالمرضی و رب العالمین کالطبیب» Шумо мисли бемор ҳастед ва Худо ҳам мисли табиб аст.
Ҳозир дар бемористонҳо дар як ҳуҷра даҳ нафар ё бештар бистарӣ ҳастанд ва табиб ба ҳар як дастури амали хосси ӯро медиҳад ва ҳар беморе барномаи ғизоии хоссе дорад. Баъзе аз беморҳо ҳам барномаи парҳез аз ғизоҳои хосро аз тарафи пизишк дарёфт мекунанд. Агар табиб гуфт: Ба фалон мард ё зани бемор фалон ғизои хосро надиҳед, оё бемор бо табиб даъво ва шикоят мекунад, ки чаро ман набояд ғизои дӯстдоштаамро бихӯрам ё итоат ва ташаккур мекунад? Агар оқил бошад аз табиб ташаккур мекунад ва ҳеҷ чуну чарое намекунад.
Нисбати мо ҳам ба Худо мисли ҳамон табиб ва бемор ҳаст ва мо ҳам ба хотири хеле аз надодаҳо бояд аз Худо ташаккур кунем. Агар мебинам, ки хешу таборам пулу моли фаровон доранд ва ман надорам, дар ҳоле ки ман ҳам кор ва талоши лозимро дорам Худованд маслиҳати маро мехостааст. Агар аз Худо розӣ шудӣ Худо ҳам аз ту розӣ мешавад ва агар розӣ нашуди шурӯъ ба ғайбат аз хешу ошно мекунӣ, ки агар фалонӣ пулу мол дорад аз роҳи ҳаром ба даст овардааст ва ...
Бидонем, ки сарчашмаи бисёре аз ғайбатҳо ҳасодат аст ва то решаи ҳасодат ба воситаи розӣ будан аз Худо қатъ нашавад ин ҳол вуҷуд хоҳад дошт. Бояд саъй кунем, ки ҳасодатро аз дил берун кунем ва рӯзаи мо рӯзаи писандида бошад, ки чашму мӯю пӯст ва ҳамаи аъзои бадан дар ҳоли рӯза бошанд. Касоне, ки рӯза мегиранд ва фақат ба намехӯранд ва намеошоманд ва ба ҳалолу ҳаром ва гуноҳон диққат намекунанд худро аз баракатҳои рӯза маҳрум кардаанд.
Худоё, кӯмакам кун, ки шайтон дар моҳи Рамазон ва баъд аз он ба ман роҳ пайдо накунад.
Ҳол агар бихоҳем шайтон ба мо роҳ пайдо накунад чӣ бояд кард?
Дар ҳадис омадааст, ки се тоифаанд, ки шайтон бо эшон кор надорад: касе, ки ба ёди Худо бошад ва касе, ки дар саҳарҳо истиғфор мекунад ва касе, ки аз хавфу тарси азоби Худо гиря мекунад. Шайтон наметавонад дар ингуна инсон нуфуз кунад.
Худоё, биҳиштро манзил ва осоишгоҳи ман қарор деҳ!
Худованд мефармояд, ки мо сарои охират ва биҳишту осоишро барои касоне қарор медиҳем, ки дар замин ба дунболи бартариталабӣ ва зулму ситам ба худ ва халқи Худо ва фасод набошанд. Ва оқибати неку барои парҳезкорон аст. (Сураи Қасас, ояти 83) Рӯза барои расидан ба тақво аст. Пас бояд тавре рӯза бигирем, ки рӯҳияи тақво ва парҳез аз гуноҳ ва алоқамандӣ ба тоату ибодатро дар мо бештар кунад то ба биҳишт ва осоиши абадӣ бирасем.
Эй Худое, ки ниёзҳои толибинро ту таъмин мекунӣ.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст