Худои Субҳон дар ояти 100 сураи Моида мефармояд:
قُل لَّا يَسْتَوِى الْخَبِيثُ وَالطَّيِّبُ وَلَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ فَاتَّقُواْ اللَّهَ يَأُوْلِى الْأَلبَبِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ‏
(Ба мардум) бигӯ: Палид ва пок яксон нестанд, ҳарчанд зиёдии нопокон туро ба тааҷҷуб ва шигифтӣ водорад. Пас эй соҳибон хирад, аз Худо битарсед! Умед аст, ки растагор шавед.
Бидонем
Покиза ва олуда шомили ҳар навъ покӣ ва палидӣ дар инсон‏ҳо, амвол, даромадҳо, ғизоҳо ва ашёъи гуногун мешавад.
Биёмӯзем
1. Расули Худо(с) аз пеши худ сухан намегӯяд, балки барномаи Худои доно ва тавоноро барои саодати бандагонаш баён мекунад.
2. Дар пайравӣ ва итоат аз Худо ва Расули Худо(с) масъалаи маҳал, забон ва нажод дар миён нест аз ин рӯ баҳона наёред. Мухотаби ояти шариф ҳамаи оқилон ва соҳибони хирад ҳастанд. Паёми Ислом ҷаҳонӣ ва ҷовидонӣ аст.
3. Бояд меъёрҳо ва ҳақиқат гуфта шавад.
4. Меъёр ва арзиш‏ ҳақ аст на теъдоди зиёд ё кам. Агар ботил ҳазорон бошад беарзиш аст ва агар ҳақ яке ҳам бошад арзишманд аст.
5. «Аксарият» ва фаровонӣ фиребдиҳанда аст, пас эҳтиёт ва диққат кунем.
6. Аксарият на нишонаи ҳаққоният аст ва на нишона‏и бартарӣ.
7. Мантиқи «Хоҳӣ нашавӣ расво ҳамранги ҷамоат шав» қуръонӣ ва дуруст нест. Ҳар ҷамоате арзиши ҳамранг шудан надорад, балки чӣ басо сабаби ҳалокат шавад.
8. Бе‏тақвоӣ нишонаи бехирадӣ аст.
9. Шинохти пок аз нопок ва тақво доштан ва таслими мавҷ ва ҳаёҳуи ҷамъият нашудан, танҳо кори хирадмандон аст.
10. Растагорӣ илова бар ақлу хирад, ба тақвои илоҳӣ ниёз дорад.
11. Бояд қуллаи ҳадафҳои шумо фалоҳ ва комёбии ҳақиқӣ бошад. Барои расидан ба қулла бояд фикру амали дуруст дошта бошед.
12. Меъёрҳо ва шароити фалоҳ ва комёбиро ёд бигирем ва бар асоси он амал кунем.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст