Худои Мутаол дар ояти 42 сураи Ҳуд мефармояд:
وَهِىَ تَجْرِى بِهِمْ فِى مَوْجٍ كَالْجِبَالِ وَنَادَى‏ نُوحٌ ابْنَهُ وَكَانَ فِى مَعْزِلٍ يَبُنَىَّ ارْكَب مَّعَنَا وَلَا تَكُن مَّعَ الْكَفِرينَ
Ва он (киштӣ) онҳоро аз миёни амвоҷи ҳамчун кӯҳ пеш мебурд. (Дар ин ҳангом) Нӯҳ, фарзандашро, ки дар гӯшае қарор дошт садо зад (ва гуфт:) Эй писарҷонам, (имон биёр ва) бо мо савор шав ва бо кофирон мабош!
Бидонем
Зоҳиран гуфтугӯи ҳазрати Нӯҳ бо фарзандаш қабл аз ҳаракати киштӣ будааст, зеро баъд аз ҳаракат, он ҳам дар миёни амвоҷи ҳамчун кӯҳ, имкони савор шудан вуҷуд надорад. (Рӯҳ‏улмаъонӣ)
Савол: Чаро Нӯҳ фақат фарзанди худро ба савор шудан даъват кард?
Посух: 1) инсон нисбат ба фарзанди худ вазифа‏и сангин‏таре дорад. 2) чун фарзанд ба каноре рафта буд ва Нӯҳ гумон кард, ки пушаймон шуда ва омодагии пазириши ҳақ дар ӯ падидор гашта ва 3) ҳушдоре бошад ба дигарон, ки азоб ҷиддӣ аст, чун фарзандашро даъват ба раҳоӣ ме‏кунад.
Ҳазрати Нӯҳ(а) дар рӯзи вурудаш ба киштӣ, рӯза гирифт ва ба ёрони худ низ дастури рӯза дод ва фармуд: Рӯза гирифтан рамзи наҷот аз хатарот аст. (Маҷмаъ‏улбаён)
убур аз амвоҷи ҳамчун кӯҳ, нишонҳ‏и вусъат ва бузурге киштӣ Нӯҳ ва ҳунар ва тахассус паёмбар худо Нӯҳ аст.
Биёмӯзем
1. Наҷотёфтагон низ роҳи пурталотум доранд. Бо савор шудан бар киштӣ ва нохудое ҳамчун Нӯҳ низ кор тамом наме‏шавад.
2. То охирин лаҳза ба фикри наҷоти наздикон ва дигарон бошем, гарчи кофир бошанд.
3. Волидайн нисбат ба сарнавишти фарзандони худ масъуланд.
4. Наҷот дар сурате аст, ки бо аҳли ҳақ бошем.
5. Ҳамнишинӣ бо кофирон, ҳатто писари паёмбарро низ аз оини ҳақ ҷудо ва ҳалок ме‏созад.
Саъдии Шерозӣ дар ин бора мегӯяд:
Писари Нӯҳ бо бадон биншаст‏
Хонадони нубувваташ гум шуд
6. Солим будани хонавода ба танҳоӣ кофӣ нест ва муҳити куфролуд моя‏и бисёре аз инҳирофҳо ва бадбахтиҳо ме‏шавад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст