Содиқини ҳақиқӣ;

يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَ كُونُوا مَعَ الصَّادِقينَ

Эй касоне ки имон овардаед! аз (мухолифати бо фармони) Худо бипарҳезед ва бо Содиқон бошед. Тавба/119

Худованди субҳон дар ин оят ба муъминон ду дастур медиҳад:

1) Риояти тақво ва парҳезкорӣ

2) Ҳамроҳ шудан бо Содиқон

Чун ҳаркас бихоҳад масири тақво ва покдоманиро тай намояд ва ба инҳироф наравад, бояд аз он касоне, ки роҳро рафтаанд ва ҳодӣ ҳастанд ёрӣ бигирад.

Аммо оё мақсуд аз “Содиқон” чикасоне ҳастанд?

Қуръон дар оёте Содиқонро бо баёни сифоташон муаррифи кардааст, ки аз он ҷумла ояи 177 сураи Бақара мебошад. Дар ин оят баъд аз он ки ҳақиқати некукориро дар имони ба Худо, қиёмат, фариштагон, кутуби осмонӣ ва ғайра зикр мекунад, мефармояд:

اولئک الذین صدقوا

ин афрод ки дорои чунин сифоте ҳастанд, Содиқанд

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَ رَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ يَرْتابُوا وَ جاهَدُوا بِأَمْوالِهِمْ وَ أَنْفُسِهِمْ في‏ سَبيلِ اللَّهِ أُولئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ[1]

Муъминони воқии танҳо касоне ҳастанд, ки ба Худо ва расулаш имон овардаанд, пас ҳаргиз шак ва тардиде ба худ роҳ надода ва бо амвол ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд, онҳо ростгуёнанд.

Бинобар ин Содиқон (ростгуён), касоне ҳастанд ки тааҳудоти худро дар баробари имон ба парвардигор ба хубӣ анҷом медиҳанд, тардиде ба худ роҳ намедиҳанд, аз анбуҳи мушкилот намеҳаросанд ва бо анвои фидокориҳо сидқи имони худро собит мекунанд. Албатта ин сифот маротибе дорад, ки баъзе афрод дар сатҳи болое аз он қарор доранд, ҳамчун анбиё ва аиммаи мусалмонон ва баъзе дар мароҳили поёнтар аз онҳо қарор гирифтаанд.

Пас агар мехоҳем ба мақоми тақво ва бандагии Худованд бирасем ва маротиби болотарро касб намоем, бояд аз касоне, ки худ роҳро рафтаанд ва роҳнамо метавонанд бошанд, пайравӣ кунем ва онҳоро ҳамроҳӣ намоем. Содиқин ҳам бар асоси ояти мазкур беҳтарин имомон барои ин кор ҳастанд, ки барои шинохти онҳо бояд сатҳи сидқу тақво ва покии онҳоро бояд шинохт ва ҳар онкасе, ки дорои болотарин мартабаи тақво ва имон бошад ҳамон Содиқин хоҳад буд ва бояд пайравӣ шаванд.



[1] .Ҳуҷурот, 15

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст