Худои Мутаол дар сураи Муҳаммад, ояти 7 мефармояд:
يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْکُمْ وَ يُثَبِّتْ أَقْدامَکُمْ
Эй касоне, ки имон овардаед, агар (дин ва Расули) Худоро ёрӣ кунед , шуморо ёрӣ мекунад ва қадамҳоятонро устувор медорад.
Бидонем
1) Инсон мавҷуди маҳдуд аст ва нусрату ёрии ӯ аз роҳи Худо ҳам маҳдуд аст, вале Худованд бениҳоят аст ва ёриаш аз қудрати номаҳдуди ӯ сарчашма мегирад.
2) Худованд чанд чизро ба шарти чанд чиз бар худ лозим кардааст:
1.Таваҷҷӯҳ ва ёд карданашро ба шарти ёд кардани мардум.فاذکرونی اذکرکم
2.Нусрат ва ёриашро дар гарави ёрии мардум. ان تنصروا الله ینصرکم
3. Баракат ва зиёд кардани неъматҳояшро дар гарави шукргузории мардум.لئن شکرتم لازیدنکم
4. Вафои ба аҳдҳояшро дар гарави вафодории мардум. اوفوا بعهدی اوف بعهدکم
3) Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: Агар Худоро ёрӣ кунед, Худованд шуморо ёрӣ мекунад ва қадамҳои шуморо устувор мегардонад ... Худованд аз рӯи нотавонӣ ва ночорӣ аз шумо нусрат намехоҳад ... ӯ аз шумо ёрӣ хоста, дар ҳоле ки азизу ҳаким аст ва лашкарҳои осмону замин ба фармони ӯ ҳастанд. Нусратхоҳӣ ва қарзталабии Худо барои он аст, ки шуморо имтиҳон кунад ва беҳтаринҳоятонро дар амал кардан ба хубиҳо муайян кунад.
Биёмӯзем
1. Худованд барои мӯъминон вазифа таъин ва танзим кардааст, бино бар ин мӯъмин ба танзими дигарон ниёзе надорад.
2. Мӯъминон бояд вазифаи худро бидонанд ва ба он амал кунанд.
3. Имон масъулият ва вазифа меорад. Имон фақат иддао ва шиор додан нест, балки ҳам бояд амал кард ва барои ҳоким шудани аҳком ва дини Худо талош кард.
4. Меъёрҳо бишиносем ва бар асоси он худ ва дигаронро арзёбӣ кунем.
5. Он чӣ муҳим аст имон доштан ва мӯъмин будан аст на тоҷику арабу турк ва ...
6. Подош ва кайфари Худо ба амали инсон вобаста аст.تنصروا الله ینصرکم
7. Ҳар касе, ки бо забон, фикр ва амали худ дини Исломро ёрӣ кунад, Худованд аз ӯ ҳимоят мекунад.ان تنصروا الله ینصرکم
8. Дар миёни кӯмакҳои Худо устувор будани қадам барҷаста аст. Баъд аз ёрии Худо омадааст ینصرکم و یثبت اقدامکم
9. Подошҳои Худо беш аз амали мост. ان تنصروا الله ینصرکم و یثبت اقدامکم
10. Ҷиҳод бо кофироне, ки барои ҷанг омадаанд яке аз намунаҳои ёрӣ кардани дини Худост.فضرب الرقاب...ان تنصروا الله...
11. Имон бояд ҳамроҳ бо амал кардан барои нашр ва густариши дини илоҳӣ бошад.یا ایها الذین آمنوا ان تنصروا الله ینصرکم
12. Дарёфти алтофи илоҳӣ ба талоши инсон вобаста аст.ان تنصروا الله ینصرکم Аз ин рӯ умеди ёрӣ аз Худо беҳаракат ва талош, чашмдошти бемаврид аст.
13. Аҳкоми дини Худо бо фикру, шинохт, амал ва дифоъ аз он ёрӣ мешавад. Мӯъминон ва мусулмонон бояд дар ҳамаи заминаҳо омодаи ёрӣ кардани дини Худо бошанд ва барои ҳар кӯтоҳӣ ва танбалие, ки кардаанд бояд ҷавоб диҳанд.
14. Аз тарафи Худо дин комил ва неъмату ҳуҷҷат тамом шудааст. Аз ин рӯ ҳеҷ кас узр надорад, балки бояд вазифаи худро бишиносем ва ба он амал кунем.
15. Агар тавфиқу ёрии Худо рафиқи мо нашавад шайтонҳои инсӣ ва ҷиннӣ ҳар лаҳза имону қадамҳои моро суст, нобуд ва моро бадбахт мекунанд. Пас ҳеҷ кас ба худаш мағрур нашавад.
16. Аз мо ҳаракат аз Худо баракат.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст