Худои Мутаол дар ояти 28 сураи Таборак мефармояд:
قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِنْ أَهْلَكَنِىَ اللَّهُ وَمَن مَّعِىَ أَوْ رَحِمَنَا فَمَن يُجِيرُ الْكَافِرِينَ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ‏
(Эй Паёмбар,) бигӯ: Агар Худованд ман ва касонеро, ки бо ман ҳастанд нобуд кунад ё бар мо раҳм намояд, пас чӣ касе кофиронро аз азоби дарднок паноҳ медиҳад?
Бидонем
Дар ривоят ме‏хонем, ки кофирони Макка орзуи марги Расули Худо(с) ва мусулмононро доштанд. Ин оят ме‏фармояд ва бар фарз, ки онон аз дунё бираванд, чӣ касе шуморо аз қаҳри Худо паноҳ хоҳад дод?
Дар сураи Тур низ ин орзу матраҳ шудааст: Онон ме‏гӯянд: Муҳаммад шоире аст, ки барояш ҳаводиси талх ва маргро интизор мекашем. (Тур,30) Дар ояти 12 сураи Фатҳ низ ин орзуи куффор матраҳ шудааст, ки Паёмбар ва мӯъминон аз ҷабҳа солим барнагардад.
Ме‏гӯянд: Кӯдаке гурезпой марги устодашро аз Худованд талаб ме‏кард. Падараш ба ӯ гуфт: Агар мехоҳӣ аз дарсу баҳс халос шавӣ, бояд марги маро аз Худованд талаб кунӣ, зеро агар муаллими ту бимирад, ман туро назди муаллими дигаре хоҳам фиристод.
Биёмӯзем
1. Шеваи эҳтиҷоҷ ва гуфтугӯ бо кофиронро аз Худо ёд бигирем.
2. Паёмбар амини ваҳй аст.
3. Дар шеваи таблиғ гоҳе ҳақиқатҳоро бояд дар қолаби фарз баён кард.
4. Кофирон, ҳамон гуна ки нисбат ба шахси Паёмбар буғзу кина доранд, нисбат ба пайравони ӯ ҳам кина доранд.
5. Мӯъмин бояд байни биму умед зиндагӣ кунад.
6. Ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас наме‏тавонад монеи нузули қаҳри илоҳӣ бар кофирон шавад. Шиори баъзе аз кофирон ин буд: Мо гирифтори азоб наме‏шавем (Шуаро, 138), вале Қуръон ме‏фармояд: Онон ба азоб дучор ме‏шаванд.
7. Касе, ки барои авлиёи Худованд орзуи дарду ҳалокат кунад, ба азоби дарднок гирифтор хоҳад шуд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст