Сайидбурҳон Акбар
  Зикру ёди Худованд чун насими субҳ бар дили инсон оромиш ва равшаниро ворид мекунад ва сабаби рушди ҷанбанҳои маънавӣ ва моддии инсон мегардад.

Чунонки ҳазрати Ҳақ мефармояд:
واذکروا الله ذکرا کثیرا لعلکم تفلحون
Худоро зиёд зикру ёд кунед, бошад, ки шумо растагор ва аз наҷотёфтагон бошед

 Истимрор ва идома ёфтани он, инсонро дар зоҳиру ботин, ҷилвагари он зикрҳо менамояд ва ӯро ба қурби илоҳӣ роҳнамо меслзад.
Вуҷуди ноқиси инсоният ба зоти бениҳояти илоҳӣ, ҳамчун зоти комилу беинтиҳо ниёз дорад ва он зоти пок барои наздикӣ ба худаш ва тавфиқи истифода аз файзу лутф ва раҳмату ҳикматаш, роҳҳоеро амр намуда, ки зикри сифоташ яке аз равшантарин ва муҳимтарини он роҳҳо аст.


Худованди Раҳмон мефармояд:

«یا أیها الذین ءامنوا اذکرالله ذکرا کثیرا» .
Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро бисёр ёд кунед.
  
  Моҳи мубораки Рамазон ҳамчун моҳест, ки аввалаш раҳмат мобайнаш мағфират ва охираш раҳоии бандагон аз дӯзах аст ва бар асоси ривоятҳо моҳе аст, ки метавонад хобу бедорӣ, сухану бесуханӣ, рафту омад ва ҳар амали дигареро, ки рӯзадор анҷом медиҳад барои ӯ савобу аҷри ибодат навишта шавад, метавонад дар роҳи наздикӣ ба зоти илоҳӣ аз тариқи зикри он зоти бениҳоят, беҳтарин замон бошад, ки шабе аз онро бартар аз ҳазорон моҳ номидаанд.

   Дар ин навиштор маъно, маротиб, осор ва дигар ҷанбаҳои зикри Худованд бо истифода аз оёту ривоёт ва омӯзаҳои исломӣ баён мегардад, умед аст барои беҳтар ва муассиртар будани зикру ибодатҳои рӯзадорон дар ин моҳи шариф таъсиргузор бошад.

Мафҳум ва маънои Зикр
   Зикр дар луғат ба маънои ёдоварӣ  (ёд кардан)  хилофи  фаромушӣ  омадааст. Ҳарчанд ин маъноҳо ому густардааст, аммо дар ин мақола манзур зикри Худованд мебошад, ки дар дини Ислом ва дигар адёни осмонӣ ҷойгоҳи хоссе дошта ва дорад.

Маротиби зикр
   Зикри Худованд, ки барои он калимоту лафзҳои хоссеро дар манобеи исломӣ зикр намудаанд, худ дорои мартаба аст, ки ҳар кадом аҷру подоши худро дорад ва оёту ривоёт онҳоро баён намудаанд.

1-Зикри лафзӣ: Гуфтани лафзҳои махсус бо забон.
   Ин аввалин мартаба аз маротиби зикр аст, ки албатта набояд ҳамчун лақлақаи забон ва ё шухию ҳазл истифода шавад, балки диққату таваҷҷӯҳ ба маъно ва мафҳуми ҳар кадом аз алфоз лозим аст. Ҳарчанд набояд ба ин сабаб, ки наметавон зикрро бо таваҷҷӯҳ адо кард ва ё мафҳуму маънои онро намедонад онро тарк кунад, чун ки гуфтани зикрҳои забонӣ худ аз амру иршодоти Худованд ва Паёмбараш(с) ва авлиё аст ва барои расидан ба маротиби болотар баёни лафзӣ низ лозим аст.

Зикри амалӣ: Таваҷҷӯҳ, диққат ва ҳузури қалбӣ.
  Дарку эҳсоси ҳақиқати зикрҳо аз хусусиёти ин мартаба аз зикр аст.
Шахси зокир, ки ҳамеша бар лабаш зикри Худованд бошад ва кору зиндагӣ, рафтору кирдораш бо ёду зикри холиқаш ҳамроҳ аст, таъсирпазириаш аз онро дар зоҳиру ботинаш эҷод мекунад. Инсон дар ин мартаба, ки ҳатто мумкин аст дар забон зикре надошта бошад, аммо тамоми вуҷуду ҳастиашро зикри ҳақ фаро гирифтааст ва дар ҳақиқат, чунон ки фикру ёди ҳар чизе инсонро ба тақлиду пайравӣ ва ранг гирифтан аз мақсуд мекашонад, зикри Худои Мутаол ҳам зокирро ҳамчун ҷилвагари сифоти бениҳояти Худованд намоён мегардонад.

Зикр дар ҳамаи аҳвол:
   Вақте ёди Худовандро инсон дар забон тамрин кард ва дар амал онро иҷро намуд, дар ботинаш ҳам таъсироти илоҳӣ бавуҷуд меояд ва дар натиҷа тамоми аҳволу ҳастии онро зикри холиқаш дар бар мегирад. Чунон ки Имом Хумайнӣ(р) фармудаанд: “Дунё маҳзари Худост ва дар маҳзари Худо гуноҳ накунем!”  Зокир ҳастиро намоди Худованд ва худро дар маҳзару диди у медонад ва дар ҳамаи аҳвол, аз сахтию осониҳо, хушию нохушиҳо ӯро ёд мекунад ва ин дар зиндагии ӯ намоён мегардад.

Осори зикри Худованд
Ҳамон тавр, ки зикру ёди ҳар чизе дар ёдкунандаи он таъсиргузор хоҳад буд, зикри Худованд ҳам ба унвони соҳиби камолот ва сифоти бениҳоят таъсири зиёдеро дар ёдкунандагонаш мегузорад, ки дар оёту ривоятҳо ҳам ба он ишора шудааст.
1.    Мавриди ёди Худо қарор мегирад: Чунон ки мегӯянд, агар мехоҳӣ бидонӣ туро чӣ қадар дӯст медоранд, бубин худат ӯро чӣ қадар дӯст медорӣ! Худои Мутаол дар каломи шарифаш мефармояд:

...اذکرونی اذکرکم و اشکرولی و لا تکفرون .
Манро ёд кунед ман ҳам шуморо ёд мекунам ва шукри ман кунед  ва куфр наварзед.

2.    Растагорӣ ва зиёд шудани муҳҳаббати Худованд:
Зикри Худованд илова бар ин ки муҳабби Худоро дар дили зокир зиёд мекунад, сабаби растагорӣ ва наҷоти ӯ мешавад. 
Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:
واذکروا الله ذکرا کثیرا لعلکم تفلحون
Худоро зиёд зикру ёд кунед бошад, ки шумо растагор ва аз наҷотёфтагон бошед
 
  Ва дар ривояте аз Расули Аъзам(с) омадааст: من اکثر ذکرالله احبه   касе, ки зиёд зикри Худо кунад, маҳбубаш хоҳад шуд. (Мизон-ул-ҳикма-.Аҳодиси зикр)
3.    Оромиши қалбу рӯҳ
Дар дунёи имрӯз оромиши рӯҳӣ талабгор ва хоҳишмандони бисёре дорад, чунки дар айни ин ки пешрафтҳои илмию технологӣ ва кашфиёту таҷрибаҳо ҳаст, аммо дар бисёре аз ҷомеаҳо оромиши қалбу рӯҳи инсонҳо ба мушкилоти зиёде гиреҳ хӯрдааст, ки сабаби ҷангу даъвоҳои хонаводаҳо, ҳамсоягон, ҳамшаҳрӣ ва ҳамватанон ва ҳатто сабаби ҷангҳои байни миллатҳо ва қораҳо гаштааст. Худованди Ҳаким дар тамомии  китобҳои паёмбаронаш, асли хуб будану хуб дидану хуб гуфтану хуб шуниданро амр намудааст ва мубориза бо бадиҳоро аз заруриёти зиндагии башарӣ номидааст. Ҳар қавму қабила ва миллате, ки бар ин асос зиндагӣ ва рафтор намудаанд ба саодати дунявӣ ва ухравӣ наздик шуда ва дар оромиши моддиву маънавӣ, зиндагӣ доштаанд.
Аммо зикри Худованд ҳамчун калид ва роҳи расидан ба оромиши ҷисму ҷон дар каломи Худованд ва Расули Раҳмат(с) таъкид шудааст.
الا بذکرالله تطمئن القلوب
Ҳамоно бо зикру ёди Худованд қалбҳо ба оромиш мерасад

4.    Ҳамнишинӣ бо Худованд ва монеи азоби дигарон
  Дар ривояте омадааст, ки ҳазрати Мусои Калим(а) ба Худованд арз намуд, ки чӣ касоне дар паноҳи ту хоҳанд буд. Худованд гуфт: Онҳое, ки маро ёд кунанд ва зикри маро зиёд гӯянд ва ман онҳоро ҳамроҳӣ ва ёрӣ мекунам ва вақте бихоҳам мардумро азоб кунам ба хотири вуҷуди онҳо азобро аз дигарон дур мекунам.
  Дар ҳақиқат вуҷуду ҳастии ин гуна инсонҳо, ки таъсирпазируфта аз сифоти илоҳӣ ҳастанд ва бо зикру ёди холиқи ҳастӣ ва хостаи ӯ, сабаби пешгирӣ аз балоҳое мешаванд, ки барои бандагони гуноҳкор насиб гардидааст.
  Вуҷуди мубораки Расули Аъзам(с), авлиё ва солеҳон аз асҳобу уммати он ҳазрат, намунаи ин гуна бандагон ҳастанд, ки сабаби шафоат ва наҷоти башарият дар дунёву охират буда ва хоҳанд буд.
5.    Басират ва дурӣ аз шайтон
  Яке аз офоти мӯъминону мусулмонон васвасаҳои шайтонӣ аст, ки дар либосҳои гуногун ва хостаҳои нафсонӣ падидор мегардад ва ҳамеша барои инсон камин кардааст, то дар фурсати муносиб ӯро ба ҳалқаи худаш гирифтор намояд. Он тавр, ки аз омӯзаҳои дини Ислом ба даст меояд ва ба гувоҳии оятҳои Қуръонӣ ва ривоятҳо шайтон аҳд бастааст, то инсонҳоро гумроҳ кунад, магар касоне, ки басирату огоҳӣ доранд. Басирату огоҳӣ ҳамон имон ва ислом ба Худованду паёмбараш ва китобу фармонҳояш аст, ки сабаби дурбинӣ ва равшанбинии инсонҳо мегардад ва пуле аст, барои гузашт аз фитнаҳо ва васвасаҳои шайтонӣ ва нафсонӣ. Аммо ёду зикри Худованд дар ҳар замону макон, ки амал ба фармонашро нишон медиҳад, силоҳи мӯъминон аст дар баробари васвасаҳои шайтонӣ, ки ҳар мӯъмину мусулмоне онро омӯхтааст ва ҳарҷо бадӣ ва ё гуноҳеро мушоҳида мекунад, бо забон ва дил зикри Худо мегӯяд, ки ин худ сабаби дурии ӯ аз он мегардад ва наҷотбахшу сабаби басирату равшании ҳақоиқ барои ӯ аст.
Худои мутаол мефармояд:
إن الذین اتقوا إذا مسهم طائف من الشیطان تذکروا فإذا هم مبصرون .
“Бале, он касоне, ки ботақво ҳастанд ҳангоми бархӯрд бо фитнаҳои моддию маънавии шайтонӣ, ёди Худо хоҳанд кард ва онҳо басиру бино мегарданд”.
 Дар таърих омадааст, ки вақте ҳазрати Зайнаб фарзанди ҳазрати Алӣ(к) ва Фотима(р) гирифтори зулму азоби ҷисмӣ ва рӯҳии қотилони бародараш Ҳусайн(а) буд, ҳокими вақт ӯро ба масхара гирифт он ҳазрат гуфт:
... ما رأیت الاجمیلا
Дар ҳақиқат ҳамаи, сахтиҳо ва осониҳоро аз лутфи Худованд мебинад ва ҳамаро ҷамилу зебо медонад  ва агар сахтие ҳам бошад, дар баробари неъматҳои беинтиҳои холиқаш ночиз, балки аз ҳикматаш медонад ва шикояте дар баробари он нахоҳад дошт.

 

Осори дурӣ ва тарки зикри Худованд
Чунон ки зикру ёди Худованд сабаби рушди маънавият, касби файзу баракат, наҷот аз балоҳо ва наздикӣ ба саодат буд, тарки он ва дурӣ аз ёди Холиқ осори баде дорад, ки дар каломи Худованду Расули Акрам(с) ба он ишораҳое шудааст.


1.Хусрон: Зикру ёди Худованд сабаби баракати ризқу рӯзии инсоният аст ва тарки он дурӣ аз ин неъмати поки илоҳӣ мегарад. Худованд дар ин бора мефармояд:

یا ایها الذین آمنوا لا تلهک اموالک و لا اولادکم عن ذکرالله و من یفعل ذالک فاولک هم الخاسرون .
  Эй касоне, ки имон доред! Амволу фарзандонатон сабаби бозмондану фаромушии ёди Худованд нашаванд, (чун) агар касе ин корро кунад пас дар хусрон ва зарар гирифтор мегардад.
  Амвол ва авлоде, ки нишонаи моддиёт бошад дар ин оят ҳамчун монеи ёди Холиқ муаррифӣ гаштааст, чунон ки аз оёту ривоятҳои дигар метавон ба равшанӣ ин ҳақиқатро ёфт, ки ин ду аз неъматҳои Худованд барои бандагонаш аст ва агар касе фарзанди солеҳ аз худ бар ҷой бигзорад ва молу сарвати ҳалолро дар роҳи ҳақ касб кунад ва хайр намояд ҳамчун боқиёти солеҳот, барои дунёву охираташ сабт мегардад. Аммо он ки сабабу монеи зикри Холиқ аст, дар ҳақиқат хусрону зиёне беш нест, ки барои дунё ва охираташ зарарнок хоҳад буд.

2. Худфаромӯшӣ ва ҳамроҳии шайтон:
Ёди Худованд ҳамчун холиқу рабби олам ба ин маъно аст, ки инсони зикргӯянда худро банда ва махлуқи ӯ медонад ва аз душманонаш безорӣ меҷӯяд. Аммо он касе, ки ӯро ёд намекунад аз ёдаш ғофил аст, дар ҳақиқат бо шайтон ҳамчун муҷассамаи душманони холиқаш ҳамроҳ ва ҳамдаст мегардад.


Худои Мутаол фармудааст:

ولا تکونوا کالذین نسوا الله فأنساهم أنفسهم 

“Монанди касоне набошед, ки Худоро фаромӯш карданд, ки дар натиҷа Худо низ онҳоро ба фаромӯшӣ гирифторашон намуд”.

Фаромӯшии холиқи ҳастӣ дар ҳақиқат сабаби ғафлат аз ҳақиқату ҳастии худ аст ва фаромӯшии сифоти Худовандӣ ҳам инсонро дар гирдоби разоилу бадиҳои нафсониву шайтонӣ гирифтор мекунад. Ҳамон тавр, ки Худои Мутаол дар муқобили зикркунандагон, ки ҳамнишини Худованд буданд онҳоро аз гумроҳон ва ҳамроҳони шайтон муаррифӣ мекунад ва мефармояд:

و من یعش عن ذکر الرحمن نقیض له شیطان فهو له قرین 

Ҳар кас аз ёди Худованд руйгардон бошад ва ӯро фаромӯш кунад, шайтоне барояш мегуморем,ки ҳамнишини ӯ мегардад.


3. Сахтӣ дар зиндагӣ ва курӣ дар охират

  Ҳамон тавр ки зикру ёди Худованд сабаби зиндагии хубу ором ва оқибати хайр  аст, тарку дурии он сабаби акси онро дорад ва инсонро гирифтори сахтиҳои рӯзгор ва зиндагӣ мекунад ва дар охират ҳам роҳаш торику чашмонаш кӯр хоҳад гашт.

Худои Раҳмон мефармояд:

و من اعرض عن ذکری فإن له معیشة ضنکا و نحشره یوم القیامة اعمی

  Бинобар ин, он чӣ баён шуд, зикру ёди холиқи ҳастӣ, яке аз роҳҳои таъкидшуда дар Қуръон ва суннат барои расидан ба саодати дунявию ухравӣ ва касби мақоми қурбу наздикии Худованд аст. Инсони зокир дар асари ёду зикри сифоти Худованд ва истимрору тамрин, дар зиндагии моддию маънавиаш таъсир пазируфта, аз ӯ ҷилвагар хоҳад шуд ва зиндагиро зебо ва аз лутфи холиқаш медонад, лизо орому мутмаин ва бо рафтори бовиқору оқилона ва хайрхоҳонаю ҳакимона, бо дигарон бархурд хоҳад дошт.

 Дар муқобил, инсоне, ки аз сифоти бениҳояти холиқаш бенасиб аст ва худро ҳамроҳу ҳамнишини ҳавои нафсонӣ ва шайтонӣ кардааст, наметавонад зиндагии ором дошта бошад ва агар дорад дар асари як шикасту камбуд ва ё дарду ранҷе ҳамаро аз даст медиҳад ва зиндагии сахту нооромеро хоҳад дошт ва оқибаташ ҳам, ҷуз бадбахтию гирифторӣ дар азоби аъмоли бадаш насибаш намешавад.

 Дар поён бо зикри ривояте аз Имом Ҷаъфари Содиқ(р) рӯзадорони азизро бар зиндагии орому пок, рафторҳои солеҳу нек ва охирати босаодат аз роҳи зикру ёди Худованд дар ин моҳи бобаракат, даъват менамоям, умед аст аъмолу ибодатҳои ҳамаи мо дар ин моҳ ва дар ин сол ба даргоҳи Худованди Раҳмон қабул гардад.

قال الامام جعفر الصادق(ع): إن کان الشیطان عدواً فالغفلة لماذا و إن کان الموت حقاً فالفرح لماذا 

 Имом Ҷаъфари Содиқ мефармоянд: Вақте (бовар дорем) шайтон душмани мост, пас ғафлату бепарвоӣ барои чист ва агар бовар дорем, марг ҳақ аст, пас хушию хурсандӣ барои чист? 

  Иншоаллоҳ Худованд моро ҳам ба баракати солеҳону зокирон аз файзу баракоти ин моҳ баҳраманд гардонад ва дар ҳалқаи зокиронаш нигаҳдорамон бошад ва дар қиёмат аз наздикону муқаррабонаш қарорамон диҳад.

Поянда ва сарфароз бошед

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст