Худои Мутаол дар ояти 169 сураи Бақара мефармояд:
إِنَّمَا يَأْمُرُكُمْ بِالسُّوءِ وَ الْفَحْشَآءِ وَ أَنْ تَقُولُواْ عَلَى اللَّهِ مَا لَاتَعْلَمُونَ‏
Ҳақиқат ин аст ва ҷуз ин нест, ки шайтон шуморо фақат ба бадӣ ва зиштӣ фармон медиҳад ва ин ки бар Худованд чизҳои бигӯед, ки ба он намедонед.
Бидонем
Дар тафсири "Рӯҳ‏улбаён" омадааст, ки шайтон дар васваса‏и худ, мароҳилеро тай ме‏кунад: аввал ба куфру носипосӣ даъват менамояд. Агар муваффақ нашуд, ба бидъат ва агар муваффақ нашуд, ба гуноҳони бузург ва агар муваффақ нашуд ба гуноҳони майда ва агар муваффақ нашуд, ба корҳои мубоҳ ба ҷои ибодатҳо ва агар боз ҳам муваффақ нашуд, ба ибодатҳо даъват мекунад, ки поин‏тар аст, то шахс аз марҳилаи болотар боз бимонад.
Фармони шайтон ҳамон васваса‏ҳои ӯст. Шайтон наметавонад озодӣ ва ихтиёри инсонро аз ӯ бигирад ва инсон маҷбӯр ба гуноҳ кунад.
Таъсири фармони шайтон нишонаи имони сусти мост. Ҳар гоҳ имон ва худобоварии инсон суст шавад, васваса‏ҳои шайтонро ҳамчун фармони Худо ме‏пазирад (Наҳл/100) вагарна авлиёи Худо дар марҳалае ҳастанд, ки шайтон ба онон нуфуз надорад.(Ҳиҷр/42)
Биёмӯзем
1 Масъала хеле ҷиддӣ аст. Шумо ҳам бояд онро ҷиддӣ бигиред.
2 Шайтон инсонҳоро раҳо намекунад, балки ба гумроҳӣ ва гуноҳ амр мекунад.
3 Худованд инсонҳо махсусан мӯъминонро аз фармонҳо ва васвасаҳои шайтон огоҳ кардааст.
4 Шайтон ва душмани қасамхӯрдаи худро бишиносед ва талош кунед, ки дар доми ӯ наафтед.
5 Амри шайтон ба бадӣ ҳамешагӣ аст. Пас инсонҳо махсусан мӯъмин набояд аз шарри ӯ ғофил бошанд.
6 Шайтон ҳамеша ба дунболи амр ва васвасаи инсонҳо барои анҷоми бадиҳо ва гуноҳони зишт ва нисбат додани дурӯғ ва бе огоҳӣ ба Худованд аст. Ҳар касе, ки чанд оят, ривоят ё достону қисса аз зиндагии диндорон ё олимон дин ёд гирифт ва беш аз тутӣ набуд ҳақ надорад худро исломшинос бидонад ва ҳар чӣ бар асоси хостаҳои нафсонӣ, шаҳвонӣ ва васвасаҳои шайтонӣ ба зеҳнаш расида ё барояш омода карданд ба унвони дин ва ҳукми Худо баён кунад. Исломшинос ҳақиқӣ мисли ҳазрати Алӣ (а) аст, ки дарвозаи илму ҳикмати Расули Аъзам (с) аст ва дар бандагии Худои Мутаол ва пайравӣ аз суннату сираи Расули Худо (с) мӯъминтарин ва пойбандтарин фард то охирин лаҳзаи зиндагияш буд. Имрӯз мутаассифона афроде бо истифода аз қурдат, сарват, шӯҳрат ё камсаводии мардум огоҳона ё ҷоҳилона зидди дин сухан мегӯянд, барнома мерезанд ва амал мекунанд. Дар ҳоле иддаои диндорӣ ва динфаҳмӣ доранд, ки он чӣ шайтон мехоҳад ва амр мекунад амал ва таблиғ мекунанд ва бо он чӣ Худо хоста ва амр кардааст мубориза мекунанд. Албатта мӯъминони шоиста ҳеҷ гоҳ чунин афродеро пешвои дину дунёи худ намедонанд. Ин афрод фақат худро фиреб медиҳанд ва бадбахт мекунанд, чун Худо соҳиби дин аст ва ҳар кас бихоҳад аз он ба суди худ ва бар асоси хостаҳои шайтон истифода кунад расвояш мекунад ва дар ҳар ду ҷаҳон бадбахт мешавад.
7 Ҳар касе ба бадӣ ва гуноҳ амр кунад ва фазоро барои гуноҳу олуда шудан фароҳам кунад кори шайтонӣ карда ва аз намунаҳои шайтони инсонӣ аст. Шайтон ва шайтонсифатон мӯъминони покдоман ва худобоварро масхара мекунанд ба онҳо тӯмат мезанад ва аҷибмонда ва бесавод мехонанд, вале ҳамҷинсгароӣ, бараҳнагӣ, риоят накардани маҳрам ва номаҳрам ва фисқу фаҳшоро нишонаи пешрафт ва тараққӣ медонанд. Ҷавоне ба хостгории духтаре рафт. Падару модари духтар барои донистани миқдори диндории ӯ назди дӯсташ рафтанд ва аз пурсиданд. Дӯсташ дар ҷавоб гуфт: Намоз хонданашро надидам, вале рӯза хӯрданашро дидаам. Ҷавоне, ки то наздики ду даҳа аз умраш бо масҷиду Худо ва инсонҳои боимон рафту омад накард чӣ мешавад?
8 Шайтон ҳам дастур ба бадӣ ва гуноҳ медиҳад ва ҳам роҳи далелтарошӣ ва дуруст нишон додани онро нишон медиҳад. Фармон ба бадӣ ва гуноҳ дастур ба гуноҳ ва фармон ба дурӯғбандӣ ба Худо роҳнамоӣ барои далелтарошӣ аст.
9 Изҳори назар дар бораи аҳком ва масоили дин ва фатво додан бе илми ҳақиқӣ ҳаром аст. Имрӯз мутаассифона баъзе ба ном мусулмон ҳалоли Худоро ҳаром ва ҳароми Худоро ҳалол мекунанд ва барои он далел ҳам метарошанд. Аз Худо ба халқи Худо дилсӯзтар ва ба ҳолу тавонашон огоҳтар мешаванд.
10 Ҳатто дар ҷои шакку тардид ҳам набояд чизеро ба Худованд нисбат дод, то чӣ расад ба ҷойҳое, ки бидонем он сухан ва ҳукм аз Худо нест.
11 Меъёрҳоро бишиносед ва худ ва дигаронро бар асоси он арёзбӣ кунед.
12 Роҳ аз чоҳ маълум шуда ва роҳи узр баста шудааст.
13 Ба ҷои овардани баҳонаҳои бефоида ва худфиребанда бояд худро пойбанди дастури Худо кунем ва аз амри шайтонҳои инсу ҷиннӣ пайравӣ накунем.
14 Нисбат додани сухани дурӯғ ба Худо ва бо ин роҳ савор шудан бар сарнавишти мардум мусулмон кори шайтонӣ ва дар хидмати шайтон будан аст.
Худоё, моро аз амру васвасаи шайтонҳои инсонӣ ва ҷиннӣ ва хатарҳои он дар паноҳи худат муҳофизат намо ва моро бар онҳо пирӯз гардон!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст