Дар давоми ояти шариф ба ин савол посух дода мешавад.
كَمَا كُتِبَ عَلىَ الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ Ҳамонгуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд рӯза воҷиб шуда буд.
Пас меомӯзем, ки
1. Собиқаи ҳукмро баён кунед. Бо ин кор ба дигарон худбоварӣ диҳед ва онҳор ташвиқ кунед, то эҳсоси табъиз ва нотавонӣ накунанд.
2. Нақши навиштанро ҷиддӣ бигиред. Санади ин амал дар китобҳояшон вуҷуд дорад.
3. Қонунгузор яке аст ва барои пеш аз шумо ҳам будааст.
4. Худованд барои мӯъминон барнома дорад.
5. Инсон барои рушд ва расидан ба камол бояд сахтиҳоеро ҳам таҳаммул кунад.
6. Анҷоми ин вазифа ҳамагонӣ аст, вале мумкин аст дар миқдор ва чигунагӣ бо ҳам фарқ дошта бошад.
Пас шумо танҳо нестед, балки пеш аз шумо ҳам дигарон гирифтанд ва мо чизе бештар аз тоқат ва тавони шумо нахостам, балки метавонед ва тавоноии шумо бештар мешавад.
Рӯза бар пайравони дигар адён низ воҷиб будааст ва бархе гуфтаанд ин таклиф аз аҳди Одам(а) то кунун вуҷуд дошта. (Кашшоф, ҷ.1, саҳ.225)
Дар ривоят мехонем, ки рӯзаи моҳи Рамазон барои паёмбарон(а) воҷиб буд. Худованд ин ифтихорро ба мӯъминон дод.
Аз Паёмбари Аъзам(с) нақл шудааст, ки фармуд: Бародарам Довуд як рӯз дар миён рӯза мегирифт ва нисфи умраш рӯза буд.
Ҳазрати Мусо мефармояд: Ҳангоме ки ба Тур баромадам то тахтаҳои сангӣ яъне навиштаҳои Аҳд (Таврот)-ро, ки Худо бо шумо баст бигирам чиҳил рӯзу шаб дар куҳ мондам ва нону об нахӯрдам. (Таврот, сифри тасния, фасли 9, шумораи 9, саҳ. 288)
Рӯза ба таври куллӣ дар тамоми вақтҳо дар миёни ҳар тоифа, миллат ва мазҳаб дар замони ворид шудани андӯҳ ва заҳмати ногаҳонӣ вуҷуд доштааст. (Қомуси китоби муқаддас, саҳ. 427)
Яҳудиён бештар, замоне ки фурсат ёфта мехостанд нотавонӣ ва тавозӯъи худро ба Худо изҳор кунанд рӯза мегирифтанд то ба гуноҳони худ эътироф намуда бо рӯза ва тавба ризои Худоро ба даст биёранд. (Қомуси китоби муқаддас, саҳ. 428)
Ҳаёти Ҳавориюн ва мӯъминини гузашта, умре пур аз афкори лаззот ва заҳамоти бешумор ва рӯзадори буд. (Қомуси китоби муқаддас, саҳ. 327)
Ибодат будани рӯза фитрӣ аст ва онҳое ҳам, ки пайрави адёни осмонӣ набудаанд, мисли Миср, Юнон ва Рими қадим низ нақл шудааст, ки эътиқод доштаанд ва бутпарастони Ҳинд низ ба тибқи ақоиди худ рӯза мегиранд. (Алмизон, ҷ.2, саҳ.7)
Худоё, фаҳмидем, ки мо танҳо нестем, ки бояд рӯза бигирем ва метавонем рӯза бигирем. Ҳол мехоҳем бидонем, ки фоидаи рӯза гирифтан чист?
Дар давоми ояти шариф ба ин савол посух дода мешавад.
لَعَلَّكُمْ تَتَّقُون умед аст, ки шумо парҳезкор шавед.
1. Асари амалро баён кунед. (Расидан ба тақво)
2. Умедвор кунед на мағрур на маъюс (Лаалла-умед аст)
3. Фоидаи он барои худи шумост (худро аз азоби Худо ва оташи ҷаҳаннам ҳифз кунед) Мо қасди азияти шуморо надорем, балки мехоҳем шумо рушд кунед ва парҳезкор шавед ва бо парҳезкорон бошед. Худро аз азоб ва оташи рӯзи қиёмат нигаҳдоред.
4. Имон бояд бо амал ҳамроҳ бошад то бо тақво худро ба хушбахтӣ бирасонед (Эй мӯъминон-рӯза бигиред-парҳезкор шавед)
5. Рӯзагирӣ ва амал ба вазифаи имонӣ нишонаи тақво аст.(Эй мӯъминон-рӯза бигиред-парҳезкор шавед)
6. Рӯза роҳи расидан ба тақво ва тақво калиди қабулии аъмол аст. (Тақво)
7. Тақво ба амали доимӣ ниёз дорад. (Феъли музореъ)
Тақво ба маънои хештандорӣ аз гуноҳ аст. Бештари гуноҳон, аз ду решаи ғазаб ва шаҳват сарчашма мегиранд ва рӯза, ҷилави тунди‏ҳои ин ду ғаризаро мегирад аз ин рӯ сабаби коҳиши фасод ва афзоиши тақвост.
Умедворем Худованд ба ҳамаи мо анҷоми вазифаи имонӣ рӯзаи моҳи Рамазон ва баҳрамандӣ аз тақворо насиб кунад.
Алҳамду лиллоҳ асар ва фоидаи рӯза ҳам бароямон маълум шуд. Мехоҳем бидонем, ки чанд рӯз бояд рӯза бигирем? Дар давоми ояти шариф ба ин савол посух дода мешавад.
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст