چاپ

Худои Мутаол дар ояти нуҳуми сураи Таҳрим мефармояд:
يَآ أَيُّهَا النَّبِىُّ جَاهِدِ الْكُفَّارَ وَالْمُنَافِقِينَ وَاغْلُظْ عَلَيْهِمْ وَمَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ
Эй Паёмбар, бо кофирон ва мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онон сахт би‏гир ва ҷойгоҳи онон дӯзах аст ва бад ҷои бозгашт аст.
Бидонем
Ҷиҳод бо кофирон ва мунофиқон фармони Худост, вале шаклу шеваи он дар ихтиёри Паёмбари Худо (с) ва ҷонишинони шоистаи он ҳазрат аст.
Биёмӯзем
1. Ҷангу ҷиҳод бояд зери назари раҳбари Илоҳӣ бошад.
2. Ҳақиқати дин бовари қалбӣ аст, аз ин рӯ изҳоркунандагони дурӯғин, ки мунофиқонанд дар канори кофирон оварда шудаанд.
3. Ислом дини ҷомеъ аст. Дар ҷои худ бахшиш ва дар ҷои худ сахт‏гирӣ ва ҷиҳод дорад. Ҳар кас бо ҳар унвон ғайр аз инро бигӯяд хатокор аст. Нишонаи диндорӣ имон ва амал ба ҳамаи дастурҳои Худо ва Расули Худо (с) аст на ин ки ончӣ ба манофеи мо созгор бошад бигирем ва он чӣ тибқи майли мо набошад канор гузорем.
4. Инсон дар асари куфру нифоқ ба ҷое мерасад, ки Паёмбари раҳмат (с) бояд бар ӯ бихурушад ва бо ӯ бархурди сахт кунад.
5. Кушта шудани кофирон ва мунофиқон ба дасти мӯъминон чизе аз азоби онон дар қиёмат наме‏коҳад.
6. Ҷойгоҳи кофирон ва мунофиқон яке аст. Чӣ қадар зишт аст, ки фарде дар миёни мусулмонон зиндагӣ кунад, вале бо душманони онҳо ҳамфикр бошад ва дар охират аҳли ҷаҳаннам шавад.
7. Кофирон ва мунофиқон ҷои баде барои охирати худ фароҳам кардаанд.
زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 1011